Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПАЁМИ САФОБАХШ ВА РАҲНМАО

Дар таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ, дар ҷамъбасти ҳар сол ва дар остонаи соли навин ба парламенти мамлакат ва дар симои вакилони мардумӣ ба тамоми халқи кишвари худ Паём расонидани роҳбари давлат, яке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва яке аз нишонаҳои рушани низоми асосии давлатдории демократию ҳуқуқбунёд мебошад.
Аз паём то паём пайроҳа ва ё мазраест, ки дар ин миён даҳҳо ташаббусу барномаҳо, нақшаҳо, дурнамоҳо, стратегияҳо тарҳрезӣ гардида, пиёда мегарданд.
Барои мисол: Аз паёми соли 2022 то паёми соли 2023 дар як сол дар мамлакат дар бахши саноатикунонии кишвар 715 корхонаи нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст ва дар онҳо 5 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шуданд. Хизматрасонии банкӣ низ ба сатҳи беҳтар бардршта шуд. Иқтибос: “Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод”. Ин нукта низ рушан аст, ки дар ин самт бо дастгирии Пешвои миллат ва сиёсати созандаи ӯ номгӯзи зиёди бонкҳои давлатӣ, ташкилотҳои молиявии қарзии хурд дар низоми бонкии кишвар ба фаъолият пардохтанд. Рақамикунонии фаъолияти иқтисодӣ, гардиши ғайринақдии пули миллӣ низ дастовардҳое ҳастанд, ки дар паёмҳои гузашта матраҳ гардида то ин паём татбиқи худро ёфтанд. Ба ин васила дар кишвар инфилатсия ё беқурбшавии асъори миллӣ дар сатҳи ҳашт дарсад нигоҳ дошта шуд.
Дар самти раҳоӣ бахшидани кишвар аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат мебошад, дар паём дурнамои рушди соҳа, ҷалби сармояи хориҷи ва маблағҳои грантӣ матраҳ гардида, дар самт беш даҳ лоиҳа дар гушаҳои кишвар амалӣ гардидаистодаанд. Ин имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупо нақшгузор бошад. Масалан дар соли 2022 роҳҳои бунёднамудаи Эмомалӣ Раҳмон дар кишвараш тибқи раддабандии рейтинги “Зеботарин роҳҳои сайёра” шоҳроҳи автомобилгарди Помир ба зеботарин роҳҳои сайёра шомил гардида ҷойи 3-юмро ишғол кардааст. Баъд аз роҳҳои Фаронса ва Иёлоти мутаҳидаи Америка шоҳроҳи бунёдкардаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сеюмро ба номи Тоҷикистон рақам заданд. Ин матлабро рузномаи таҳлилии “Рейтинг авто ру” соли 2022 нашр карда буд, ки ин дастовард ва ифтихори халқ ва мардуми тоҷик мебошад.
Паём додани Президенти кишвар мардумашро ҳар сол навиди неку зиндагии шоистаро ҳар баҳор эҳдо меорад. Лиҳозо ҳамин аст, ки таъкид мегардад, ки дастаҷамъона ва дар мутаҳидӣ ҳама дастуру гуфтаҳои паёмро татбиқ намоем.
Вализода Муҳаммад - ҷомеашинос

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин