Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

-ИДОМАИ ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИ-

ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА СОХТОРҲОИ ДАХЛДОР ДАР САМТИ РУШДИ ИҶТИМОӢ ВА РОБИТА БО ҶОМЕА БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 ҲАМЧУН "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"
Рӯзи 18-уми апрели соли 2024 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои дахлдор дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо ҳайати шахсии қисми низомии 0308 доир гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, Қурбонов Сомон мудири бахши дин, танзими анъна ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Маҷнунов Абдурасул сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, Ҷумъаи Назарзодаи Назрӣ-котиби озоди Шурои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳия ва Розиямои Карим мутахассиси бахши кор бо занон ва оила иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ тамоми паҳлуҳои масъалаҳои матраҳшаванда аз қабили пешгирии экстремизм ва терроризм, қочоқи маводи мухаддир,ифродгароӣ, бегонапарастӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин