Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»

 

Рӯзи 18.02.2017 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати иҷрои супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 2016 вобаста ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» гузаронида шуд.

Мақсад аз баргузории ин озмун густариши ҳунарҳои пазандагӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, аз қабили донандагон ва пазандагони таъомҳои қадима ва замонавӣ ва бо ин васила тарғиби расму оинҳои миллӣ буда, ҷиҳати хуб ба роҳ мондани ҳунарҳои кадбонугии бонувон ва ҷалби бонувони хонашин ба корҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Дар ин озмун бонувон аз ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Доғистон, ҳамчунин хонандагони муассисаҳои таълимии №№1,2,7 ва донишҷӯёни Колеҷи тиббӣ иштирок намуда, ҳунарҳои дасти худро пешкаши меҳмонон ва тамошобинон намуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин