Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ЧОРАБИНИҲОИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

 

Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аксия таҳти унвони «Модарон ба айёдати фарзандон – афсарони Ватан мераванд» гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ модарону бонувони ноҳия бо таъомҳои тайёр намудаи хеш ба қисми низомии 2931-и ноҳия ташриф оварда, бо рафти хизмати сарбозону афсарон ошногӣ пайдо намуданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз аз тарафи ҷамоатҳои деҳоти Шӯрообод ва Доғистон хӯроки яквақтаина ташкил карда шуд. Дар ин чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири сарбозонро шод намуданд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин