Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ФУРӮШИ МАҲСУЛОТҲОИ ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ

 

Бо ташаббус ва дастгирии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Зарифзода Почохон Ҳабибулло дар маркази ноҳия мағозаи фурӯши маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабилӣ чакандӯзӣ, гулдузӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ ба фаъолият оғоз намуд.

Мақсад аз ташкил намудани чунин марказ эҳё намудану зинда нигоҳ доштани ҳунарҳои қадимаи ниёгон, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, инчунин ҷалбӣ занону бонувон ва фаъолгардонии онҳо баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад.

Раиси ноҳия П.Зарифзода дар маросими кушодашавии мағоза ба раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ҷиҳати ба фурӯш баровардани ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳост дар хонаҳои худи шаҳрвандон нигоҳ дошта мешаванд, супоришҳои мушаххас доданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин