Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Коре, ки ба худ раво намебинӣ ба дигарон низ раво набин

 

      Тавре ҳама огоҳем, Ҷумҳурии исломии Эрон-ягона дастгири ҳизби  мамнӯи наҳзати исломӣ ва манбаи маблағгузории терроризм дар Тоҷикистонро ахиран амали террористӣ такон дод.  Аниқтараш, дар ҳамлаи террористии шаҳри Аҳвоз рӯзи 22.09.2018 дар ҳамоиши ҳарбӣ бо ҷурми 4  террористи мусаллаҳ 29 нафар  ҷон бохта, зиёда аз 70  нафар ҷароҳатҳои гуногуни  ҷисмонӣ бардоштанд. Ба иттилои расонаҳои хабарии мустақил 4 мототсиклсавор аз яроқи оташфишон ба сӯи сарбозону афсарони дар ҳамоиши ҳарбӣ иштироккунанда ва афроди мулкӣ  тир шилик намуда, сабабгори маргу захмӣ гардидани шумораи зиёди шаҳрвандони бегуноҳ  шуданд.

       Ҳукуматдорони давлати исломии Эрон ҳодисаи террористии мазкурро амали дасти давлатҳои Арабистони Саъудӣ, Исроил ва Амрико  маънидод  мекунанд.

       Албатта, мо тарафдори ҷангу хунрезӣ ва амалҳои нангини террористӣ, ки сабабгори марги мардуми бегуноҳ мегарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ нестем.  Ва ҳалли ҳама низоҳою якдигарнофаҳмиро  бо истифодаи зуроварию даҳшатафканӣ ва  яроқсолорӣ  ҳамаҷониба маҳкум менамоем.

       Вале,  ин ҷо  мехостам таваҷҷуҳи охундҳои эрониро, ки сабабгори дар минтақа содир намудани ҳар гуна ҷангу хушунатҳо гардидаанд, ба пайёмади нохуши иқдомҳояшон  ҷалб созам.  Онҳо бояд мардонавор эҳсос кунанд, ки мардуми дигар давлатҳо низ инсонанд ва ҳаққу ҳуқуқи инсонвор зиндагӣ карданро доранд. Ба хотири тарғиби ақидаҳои тундгарои исломӣ ва таблиғоти  мазҳабӣ мардумро ба хоку хун кашидан, инро  на Худо мебахшаду  на  бандагонаш. Ҳодисаи

террористии  шаҳри Аҳвоз метавонад , ки барои сиёсатмадорони ҷумҳурии исломӣ дарси ибрат бошад. Ҳамзамон, дониста бошанд, ки  дахолат кардан ба умуми сиёсию мазҳабии  дилхоҳ  давлат дар сайёра паёмадҳои  нохушоянд дорад. 

       Беҳтар ин ки имрӯз охундҳои эронӣ  сари хатогиҳои сиёсиашон,  бахусус дар муносибат бо бародарони ҳамхуну ҳамзабони тоҷик андешаи солим  мекарданд. Барои пуштибонӣ аз ду се хоин ба мисли Кабирӣ ва ҳамсафонаш ақидаю афкори аҳолии  9 миллионнафараи тоҷикро нодида гирифтан  ин беэҳтиромӣ ба фарҳангу забони форсу тоҷик аст .

      Аз ҷанги мазҳабӣ дар мисоли давлатҳои ҳамхуну ҳамзабон  пеша сохтан, хуб мебуд, ки сари дӯстиву рафоқат, рафту омади ҳасана ва ҳамкории солими байнидавлатӣ андеша мекарданд. Зеро, тибқи таълимоти дини мубини ислом «муъмин бародари муъмин аст» ва эҳтироми ҳамдигарӣ  назди Худованду  бандагон  манзалат дорад.      Ҳодисаҳои рӯзҳои охири Ҷумҳурии исломии Эрон баёнгари он аст, ки мардуми бумии ин сарзамин  нисбати сиёсати ҳукуматдорони давр назари нек надоранд ва ин бадбиниҳо дар оянда метавонад  сабабгори сар задани ҳар гуна  ҳодисаҳою хушунатҳо дар   ҷомеаи ин давлат  бошад. 

       Ба ҳар сурат, иловатан таъкид месозем, ки мо тарафдори ҷангу хунрезӣ нестем.  Вале, ба охундҳои эронию  ҳаводорони ин режими худкома мерасонем, ки пеш аз оғози коре  онро бояд дар мизони ақл баркашид. Ба гунае, ки сӯзанро пеш аз халонидан ба тани касе,  аввал бояд дар тани худ халонд.  Бин, ки дард меёбӣ ё не. Ё, ба ҳамин монанд кореро, ба худ раво намебинӣ ба дигарон низ  раво  набин . 

                                                    Ғафорзода Санам- вакили Маҷлиси

                                                    вакилони халқ дар ноҳияи

                                                    Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин