Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

БАДАХШОН-ҶУЗЪЕ АЗ ТОҶИКИСТОН

 

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр ба ВМКБ бори дигар исбот намуд, ки роҳбари давлат барои ободии ҳар як гӯшаи Тоҷикистон талошҳои зиёд дорад ва мехоҳад як давлати воҳиду пешрафта дошта бошем.

Маҳз талошҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон аст, ки имрӯз корҳои созандагӣ дар ҳар як гӯшаву канори ҳатто дурдастанрин ноҳия бо маром идома доранд. Бунёди биноҳои замонавӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳамаи он маҳаз аз баракати Ҷаноби Олӣ ва соҳибистиқлоли давлат сарчашма мегиранд. Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки дар як давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ва хусусан, дар зарфи солҳои охир дар самти рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардем.

Дар рӯзҳои сафари кории Роҳбари давлат ба  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори дигар эҳсос намудам, ки дар чеҳраи мардуми оддӣ шодию фараҳ нақш баста буд, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсе аст, ки тамоми мардуми минтақаро баробар дӯст медораду миллатро ба худию бегона ҷудо намекунад. Ин хислатҳои Пешвои миллат дӯстдоштанию эҳтиромашро баҷо овардан нишонаи беғаразии ҳамаи мову шумост. 

Он рӯзҳо симои вилоят фазои идона дошту маълум буд, ки корҳои зиёди созандагӣ амалӣ шудаанд ва мушоҳида мешуд, ки мардуми бонангу номуси вилоят барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани диёри худ содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамеша дар маркази диққати Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумат, бахусус, дар солҳои охир дар ҳама соҳаву бахшҳои ҳаёти вилоят тағйироти куллӣ ба назар мерасанд.

Умуман, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шудааст.

Дар ин муддат танҳо дар ноҳияи Шуғнон бо сарфи беш аз 270 миллион сомонӣ 301 иншооту биноҳои нав бунёд шуда, симои ноҳия имрӯз ба як шаҳри замонавӣ монанд гардидааст.

Дар ҷараёни ин сафари кории худ Ҷаноби Олӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 иншооту биноҳои таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ ва маъмуриро ба истифода супорид. Таъкид гардид, ки барои бунёду азнавсозии онҳо аз буҷети давлат ва дигар сарчашмаҳо 890 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Ҳамчунин, дар ин рӯзҳо сохтмони якчанд иншооти дигар, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Тибқи нақшаи аз ҷониби Ҳукумати кишвар тасдиқшуда ба муносибати ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру азнавсозии 90 иншооти дигар аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи вазорату идораҳо, инчунин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Роҳбари давлат таъкид дошт, ки боз 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳангӣ, 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша ворид гардидааст.  

Ҳоло аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Хоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Илова бар ин, дар шаҳри Хоруғ корҳои омодагӣ барои бунёди маҳалли нави аҳолинишин дар мавзеи Тем босуръат амалӣ шуда истодаанд.

Вобаста ба ин, ба Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки азнавсозии се километр роҳи маркази шаҳри Хоруғ ва чароғонкунии онро дар муҳлатҳои наздиктарин амалӣ намояд.

Яъне ҳамаи ин дар як давраи кӯтоҳтарини соҳибистиқлолӣ бунёд шуда, имрӯзҳо сокинони вилоят метавонанд дар чор фасли сол ба пойтахт омаду рафт намоянд, ки ин 10-15 сол пеш як афсонаеро мемонд.

Мутаасифона, баъзе нафарони манфиатҷӯй намехоҳанд, ки кишвар осуда бошаду мардумаш озод. Бубинед, ки дар як гӯшаи дурдаст чанд нафар ҷинояткор худро шоҳу таъбашонро вазир хонда, намояндагони ҳатто мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқуро ба эътибор намегиранд. Ин муносибати ҷиноятпешаҳо давлат ва ҳукуматро бетафовут гузошта наметавонад. Ҷасорату мардонагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум кайҳо дарк кардаанд ва сухани ӯро эҳтиром мегузоранд. Хушбахтона, дар Тоҷикистони азиз ихтилофҳои мазҳабӣ вуҷуд надорад ва халифаҳои вилоятро лозим аст, ки ҷавононро бо роҳи дуруст ҳидоят намоянд ва нагузоранд, ки иштибоҳе дар ақидаҳои мазҳабӣ анҷом гирад. 

Баъд аз анҷоми сафари кории Роҳбари давлат ва эродҳо дар робита ба таъмин набудани тартиботи комили ҷамъиятӣ ҷавонону мардони бонангу номуси вилоят иқдомҳои наҷиб рӯи кор гирифта, дар паи ислоҳи камбудиҳо шудаанд. Итминон дорам, ки мардуми минтақа аз паи ободӣ гашта, Бадахшонро ба дарвозаи тиллоии Тоҷикистони азиз табдил медиҳанд.

Эмомалӣ Зокиров

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин