Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Вокуниш ба матолиби Мутиъуллоҳ Тоиб «Тоҷикистон. Оё гуфтугӯи байни ҳукумат ва мухолифин дар роҳ аст?»

 

       Се сол аст, ки дар фазои сиёсии Тоҷикистон ҳизби террористии наҳзати исломӣ фаъолият надорад. Аз фаъолият надоштани ин ҳизб аллакай ҳама эҳсос кардаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ташкилоти сар то по тарбияткунандаи манқуртия халос шуда, сафи пайвастани ҷавонон ба ташкилоту ҷунбишҳои хусусияти экстремистию террористидошта ба маротиб  коҳиш ёфтааст.

      Матолиби паҳншуда дар сомонаи «Паём. нет» ба қалами Мутиъуллоҳ Тоиб, «коршиноси масоили сиёсӣ» доир ба фаолияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва роҳҳои қадамгузории ҳукумат  барои манъ  кардани фаъолияти ин ҳизби террористӣ дар Тоҷикистонро мутолиа намуда, ба хулосае  метавон омад, ки «ин коршинос» дар пушти пардаи «Наҳзат» кадом як амали муғризона дорад.  Зеро, ба ақидаи ӯ қадами аввал пайвастани «Наҳзат ба терроризм», дуввумин иттиҳом ба мазҳаби шиа ва савум зери суол бурдани эҷоди ҷойгузини динии расмӣ ва машруияти исломи «наҳзатӣ» аз нуқтаи назари ақли солим ва асли воқеият хеле носозгору аз ҳақиқат дуранд.

     Аввал ин, ки мехостем «коршиноси масоили сиёсӣ» хуб мебуд ба масъалаи ба ҳам овардани мардуми Афғонистон ва созиши гуруҳҳои даргир дар дохили ин кишвар беҳтараш суҳбат мекарду ба мардуми мазлуми ин диёр бобати ваҳдату якдилӣ роҳ нишон медод. Зеро ӯ айни ҳол дар Афғонистон сукунат дораду кӣ будану чӣ хидмате барои инсоният карданаш ҳануз номаълум нест. Дуввум,  бо терроризм ҳамкорӣ доштани ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ  аллакай исботи худро ёфтааст ва ҷорзании беҳуда дигар маънӣ надорад. Оташи ҷангро наҳзати ифротӣ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ афрӯхта буд ва мехост соли 2015 дар ҷомаи даридаи ҳизби наҳзати исломӣ ин оташро дубора дар Тоҷикистон фурӯзон созад, вале хушбахтона тираш хок хӯрд.

     Мисоли  рушани террорист будани ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ин аст, ки аксари шаҳрвандони ба сафи гуруҳҳои ифротӣ пайваста  наздикон, хешу табор  ва ҷонибдорони ин ташкилоти экстремистӣ мебошанд. Ҳатто то ҷое, ки мо худ шоҳидем, ҳарчанд ҳукумати вақти Тоҷикистон шумо-аъзою ҳаводорони ҳизби мамнӯи наҳзати исломро минбар дод ба ҷойи тарғиботи солими мазҳаби ҳанафӣ таълимоти иртиҷоии салафию бегонапарастиро миёни ҷомеаи суннатии Тоҷикистон амалӣ намудед. Кор то ҷое шакл гирифт, ки анқариб намоз  хонданро дар қолаби фармоишии шумою ҳаводоронатон фаромӯш сохтем. Зеро ҳар рӯз як ривояту ҳикояти нав мебофтеду онро барои миёни намозгузорон тарғиб кардан либоси исломӣ мепӯшондед. Қариб буд, ки шумою ҳаводоронатон Паёмбари охири замон Муҳаммад (с)-ро инкор намудеду хондани суннати намозро ҳамчун суннати паёмбарӣ сарфи назар месохтед. 

Дар намоз бо таълимоти бардуруғ дар ниқоби ислом  шеваи ёзидану дастмондан ва кушодани пойҳои шумою ҷонибдорони ин ҳизби ифротӣ анқариб ҷомеаи моро ба сӯи бикру нобудӣ  таҳвил дода буд, ки хушбахтона ин амалатон аз чашми дурбини ҷомеаи маданӣ ва мақомоти зидахли Тоҷикистон дур намонд.

      Иттиҳоми шиагароии наҳзат, низ аз ҷониби ҳукумати кишвар хеле асосноку воқеъбинона буду ҳаст. Зеро наҳзат дар тамоми кору амал ба охундҳои эронӣ такя мекард ва аз онҳо машварат мегирифт. Суҳбатороию суханпардозии роҳбарияти ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ бо шеваи охундӣ ва номгузории наздикону пайвандони наҳзатӣ мисоли рушани амалисозии сиёсати охундӣ дар Тоҷикистон буд, ки инро ҳар як шахси солимфикру дурандеш бармало эҳсос  мекард.

       Дар мавриди машруияти дини ислом ба маълумоти ин «сиёсатшинос» мерасонем, ки 99 дарсади мардуми Тоҷикистон  мусулмонанду  давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳеҷ ваҷҳ мақсаду мароми танг кардани мавқеи диндорону намозгузоронро надошту надорад.  Ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистон имрӯз вобаста ба эътиқоди динӣ дар доираи қонунгузории амалкунанда  бе  ягон мамоният ба масҷид рафта намоз мегузорад ва ба ӯ касе кордор нест.  Намоз хондан чӣ дар хона ва чӣ дар масҷид  барои авфи гуноҳи мусулмону  эътиқоди ӯ ба Худованд аст ва онро касе манъ накардааст. Ба он маъно не, ки шахс дар либоси ислом ғаразҳои сиёсию пасипардагии  ифротиро бо истифода аз арзишҳои исломӣ пиёда созад.

      Дуруст аст,ки наҳзат ҳама гуна иттиҳомотро нисбаташ рад мекунад. Хуб мебуд «сиёсатшинос» мегуфт, ки кадом гунаҳгор гуноҳи худро ба уҳда мегирад? Ҳеҷ вақт! Ҳақиқати ҳол ин ки гунаҳгорони аслӣ  ҳама дар хориҷа пинҳон гаштаю чун шерони майдонғариб  аз дур сари давлату Ҳукумати Тоҷикистон санги  маломат мезананд.

      Ҷои дигар муаллиф сӯи наҳзат нишон гирифтани ҳукуматро мавриди тозиёнаи танқид гирифта, фаромӯш сохтааст, ки дар пушти ин ҳукумат 9 миллион аҳолии Тоҷикистон меистад. Афкори ҳукумат ба афкори сокинонаш яксон асту муаллиф нодида гирифтааст, ки 10-15 хоину ватанфурӯш дар ҷомеаи суннатии мо дигар мақому манзалат надоранд.

       Муаллиф дубора рӯи фаъолияти сиёсӣ омадани наҳзатро дар Тоҷикистон пешниҳод ва истиқбол карда, то ҷое дар ин кор масъулиятро ба зиммаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон вогузор мекунад. Ва фаъолияти наҳзат ба ибораи «чароғи сабз» ва «пазириши дубора» маънидод шуда,  хиёнатҳою бадкориҳои ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ  аз ҷониби муаллиф  нодида гирифта мешаванд, ки  ин мавқеъгирӣ хеле хандаовар аст.

       Мардуми Тоҷикистон дигар ба ҳеҷ ваҷҳ тарафдори ба арсаи сиёсат баргаштани ҳизби наҳзати исломӣ нестанд. Зеро як маротиба дар фазои сиёсии кишвар барои фаъолияти ин ҳизб имконият дода шуд, вале мутаассифона ин ташкилоти ифротӣ ҷойи ба ҳам овардани миллату давлат хиёнатро пеша карда, падарро ба писар, модарро ба духтар то ҷое душман сохт. 

     Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ягон ҷумҳуриҳои пасошуравӣ ҳизби исломӣ фаъолият накардаасту намекунад. Новобаста аз гузаштҳои сиёсии давлат ва ҳукумат муддаиёни  ин ҳизби террористӣ хулосаҳои лозимӣ набароварданд ва кору фаъолияти онҳо бо хиёнаткорӣ дар дохили кишвар анҷом  ёфт. Хиёнати ин тоифа мардум дигар бахшидану дароз  кардани дасти дӯстиро   намепазирад.

       Бо он ки намояндагони Ҳукумати кишвар дар ҷаласаҳои ташкилоти гуногуни байналмиллалии  ҳифзи ҳуқуқи инсон ширкат меварзанд, маънии онро надорад, ки ба мухолифин дигарбора гузашти сиёсӣ мешавад. Гунаҳгорон бояд дар назди қонун баробар ҷавоб гӯянд. Ва иштироки намояндагони давлат дар ҷаласаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ҳаққи қонунӣ ва  эҳтироми тамоми  мардуми Тоҷикистон аст.

      Пешгӯию насиҳатпардозиҳои ин «шореҳи сиёсӣ», намедонам тоҷик аст ё намояндаи ягон қавму миллати дигар ҳам ғашу ҳам хандаи хонандаро меорад. Зеро, воқеият дар мисоли хиёнатҳои наҳзатӣ дигар ҷойи баҳс надорад ва мардуми Тоҷикистон низ аллакай хубро аз бад фарқ сохта, роҳи давлатдорию давлатсозии ояндаи худро кайҳо интихоб кардаанд. Ҳеҷ нерӯи дигар ҳизби мамнӯи   наҳзати исломро ба доираи сиёсии кишвар баргардонда наметавонад. Мардуми Тоҷикистон аз фаъолияти ин ҳизби хоину ватанфурӯш кайҳо безоранд. Ва аз ҳар  ҷониб ҷор задани ҳаводорону аъзои ин ҳизби ифротӣ ва насиҳатпардозиҳои ин тоифа одамон дигар дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон тарафдор надорад, ки  надорад.

             Икромзода Амирхон-вакили Маҷлиси 

             вакилони халқи вилояти Хатлон 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин