Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Рӯзи забон ва омӯзгорон

 

Рӯзи 5 октябри соли 2018 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар толори муассисаи таълимии №1-и ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, хонандагону омӯзгорон бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ва омӯзгорон чорабиниҳои фарҳангӣ доир гардид.

Нахуст раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло сокинони ноҳияро ба рӯзи забони давлатӣ ва рӯзи омӯзгорон табрику шодбош намуд.

Зикр гардид, ки баъди соҳибистиқлолии кишвари азизамон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ ва таърихии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои кулӣ ба вуқуъ омад. Маҳз меҳнати созандаи мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тавонистем дар як муддатӣи кутоҳи таърихӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардем ва ҷумҳурии азизамонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ба ҷаҳониён муҳаррифӣ намоем.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамсоли истиқлолияти давлатӣ дар зарфи 27 сол бо дастовардҳои бемисл ноил гардида, то ин давра андин иншоотҳои муҳими давлатӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дастгирии давлату ҳукумати мамлакат бобати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ва дар ин замина муҳайё намудани шароити хуби таҳсил ба ин қишри ояндасози ҷомеа яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар муддати 27 соли истиқлолият дар ноҳияи мо низ вобаста ба ин сохтмону ба истифода додани чандин муассисаҳои таълимии ноҳия мебошад, ки яке аз онҳо муассисаи таълимии №1-и ноҳия ба ҳисоб меравад, ки моҳи сентябри соли 2017 бо иштироки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои 750 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.

Зикр карда шуд, ки натиҷаи ҳамин ғамхориҳост, ки хонандагони ноҳия дар зарфи се соли охир зиёда аз си медал аз ҷумла 8 медали тилло оварданд

Дар охири чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба устодону собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия ба сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия дар якҷоягӣ бо хонандагони муассисаи таълимии №5 бо суруду таронаҳои таҷассумкунандаи ватану диёр хотири тамошобинонро шод намуданд.

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин