Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ИФТИТОҲИ БИНОҲИ ШУҒЛИ АҲОЛӢ

 

Рӯзи 5 октябри соли равон дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ бинои маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд. дар рафти ифтитоҳ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистоон Тағойзода Сумангул Саид иштирок доштанд. Тавре иттилоъ дода шуд сохтмони бинои мазкур аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳануз соли 2010 оғоз гардида, соли ҷорӣ бо харҷи 2 милиону 300 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар бинои номбурда кормандони ҳамаи сохторҳои Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия фаъолият дошта ҷой карда шуданд. Инчунин дар он синфхонаҳои алоҳида барои курсомузӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ кушода шудааст, ки айни ҳол 20 нафар барои курсомӯзии фанни технологияи информатсионӣ (компютер) ва 15 нафар барои аз худ намудани забони англисӣ ба курс ҷалб карда шудаанд, ки баъди хатм аз тарафи сохтори мазкур ба онҳо шаҳодатномаи хатм дода мешавад.

Расии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Зарифзода Почохон зимни баромад аз дастгириҳои давлату ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ пешвоз гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Ва   дар зарфи се соли охир ҳазорҳо иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ дар саросари ҷумҳурӣ сохта, таъмини шаҳрвандон ба ҷойи кор муҳайё карда мешавад. Аз ҷумла дар ноҳияи баландкуҳи Шамсиддин Шоҳин низ вобаста ба имкониятҳои мавҷуда бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ то арафаи 30 солагии Истиқлолияти давлатии зиёда аз 100 иншоотҳои гуногун ба истифода дода шуда, садҳо нафари бекор ба корҳои доимӣ ҷалб карда мешавад. Пас ҳамаи моро лозим меояд, ки ба қадри сулҳу субот, оромиву осоиштагии мардум ва шукуфоиву якпорчагии ватани азизамон расида, ҳамеша ҷонибдори сиёсати созандаи давлату ҳукумати кишвар махсусан Пешвои муаззами миллат бошем.

Сумангул Тағойзода зимни суханронӣ мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, махсусан кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияро барои ифтитоҳи бинои нав табрику шодбош намуда, иброз доштанд, ки манотиқи куҳистони мамлакат пайваста зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ва биное, ки имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд маҳз бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 2 милиону 300 ҳазор сомонӣ ҷавобгу бо ҳамаи талаботҳои замони муосир сохта шудааст. Таъкид гардид, ки танҳо вазифаи мо ин ба қадри осоиштагӣ ва бунёдкории давлату ҳукумати кишвар расидан аст. Зеро сарчашмаи ҳамаи ин ободкориҳо аз фазои сулҳу субот ва ваҳдату якдилии мардуми шарифи Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Баъди ифтитоҳи бинои мазкур меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳия, бахусус таълимгирандагони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия дидан намудан. Зимни боздиди намоишгоҳ вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ   бонувони ҳунарманди ноҳияро ҷиҳати дастгирии сиёсати имрӯзаи ҳукумати кишвар, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, баландбардории ҳисси ифтихори миллӣ, ватандориву ватанпарастӣ, пешгирии хурофотпарастӣ ва таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин