Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳақ ниҳон нест, хиранигоҳон кӯранд

 

           Дар ҳама давру замон давлатҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд,ки манфиатҳои миллиашонро ҳимоя намоянду ба наслҳои ояндаи худ омӯзонанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллӣ ба ҳифзу ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон диққати аввалиндараҷа медиҳад ва ин тадбир  дар сиёсати давлатӣ ҳамчун самти афзалиятнок  рӯз аз рӯз такмил меёбад.

          Барои нигоҳ доштани фарҳангу забон ва урфу одат ва мафкураи миллӣ аз бегонашавӣ мақом ва нақши иттилоот, васоити ахбори омма ва дигар воситаҳои таблиғотӣ нақши бориз дорад. Зикр кардан ба маврид аст, ки солҳои охир зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги иттиллотӣ вусъат гирифтааст. Мисоли равшан,  мубоҳисаи коршинос ва сиёсатмадори минтақавӣ С. Богдасаров  бо рӯзноманигори яке аз шабакаҳои телевизионии Русия, ки чанде қабл ба вуқуъ пайваст, ҳар як шахси худогоҳу ватандӯстро бетараф гузошта наметавонад.

   Зимни сӯҳбат, ки доир ба мавзӯи паст намудани авҷи терроризму ифротгароӣ дар Ховари Наздик, бахусус  Сурияи ҷангзада мерафт, рӯзноманигор аз Иттиҳоди Нерӯи Опозитсионии Тоҷик  ва сулҳу ваҳдати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гашт.  С. Богдасаров,ки муддати чандин сол ҳамчун афсари низомии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  кор ва фаъолият кардаву нону намаки  мардуми  моро чандин солҳо  тановул намудааст, ҳангоми мубоҳиса бо мавқеъгирии  ноҷо тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги маломат зада, ошкоро аз хиёнатҳои гуруҳҳои тафриқаҷӯ дар Тоҷикистон пуштибонӣ намудааст, ки чунин масъалагузорию таҳлили вазъ ба воқеият наздик нест.

    Ба маълумоти рӯзноманигор мерасонем, ки ҳамин гуруҳҳо буданд, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон мавқеи русзабонҳоро дар кишвар маҳдуд карда, дар либоси ислом  миллатҳои ғайриисломиро «куффор» ҳукм бароварданд. Чунин мавқеъгирии як рӯзноманигори шинохта аз рӯи адл нест ва пеш аз мубоҳиса хуб мебуд муаллиф  мавзӯъро ҳамаҷониба мавриди омӯзиши асоснок  қарор медод.

    Дар яке аз суханрониҳои қаблиаш низ номбурда тавассути  шабакаҳои телевизионии Русия   дар бораи боздошти халабонҳои  рус, ки  ғайриқонунӣ сарҳади кишвари моро тавассути ҳавопаймо  убур намуда буданд, инкор намуда, бори буҳтону туҳматро ба гардани тоҷику тоҷикистониён бор карданӣ мешавад, ки ин амалу мавқеъгирии уву ҳамтоёнаш боиси ихроҷи ҳазорҳо  муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҳудуди Федератсияи Русия гардида буд.

      Боиси таассуф аст, ки  бо кадом сабаб бошад ҷаноби Богдасаров   тоҷику тоҷикистониён ва соҳибистиқлолии меҳани маҳбуби моро нодида гирифта, пайваста дар баромадҳояшон суханони таҳқиромезро

истифода менамояд. Ҳол он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳз Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри барқарории сулҳу осоиштагии миллати азиятдида ҳазорҳо мухолифини ҳукумати қонуниро авф намуда ва, ҳатто ба мансабҳои баланди давлатӣ бурда расониданд. Аммо баъзе аз он ватанфурӯшони носипос  кур гашта ҳақро дида натавонистанд ва дидан ҳам намехостанд. Қисме аз онҳо зери сояи хоҷагони хориҷиашон яроқ ба даст гирифта баҳри ҳимояву манфиатҷӯии сармоягузоронашон ба зидди ҳукумати кишвар баромаданд.

      Сабаби зиндонӣ ё нобуд шудани мухолифоне, ки муаллиф аз онҳо ном мебарад ин эҳтиром нагузоштанашон ба ирдоаи аҳолии Тоҷикистон ва идома додани ғаразҳои манфуронаи онҳост, ки барои ин аъмол ҳатман бояд дар назди қонун ҷавоб дод.

     Мо ҷавонони даврони истиқлол  ба ҷаноби С.Богдасаров як савол доданием. Оё  нодида гирифтани мароми  сулҳхоҳонаи ҳукумати кишвару мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити кунунӣ мумкин аст?   Оё мухолифине, ки  бо кирдорҳои зишташон миллатро дар ҳоли парокандагию давлатро ба нестӣ оварда расонида буданду  марги ҳазорҳо тоҷикистониёнро мехоҳанду мехостанд аз мавқеи онҳо пуштибонӣ намудан ҷоиз аст?  

     Як чизро ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд сохт, ки бо муташанниҷ гардидани вазъияти кунунии Ҷумҳурии исломии  Афғонистон ва фаъол гардидани гуруҳҳои ифротию террористӣ таҳдид танҳо Тоҷикистонро дунболагир нест. Балки, Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвозаи кулли ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ, бахусус Федератсияи Русия ба шумор меравад.

   Муҳтарам сиёсатшинос як чизро бояд дар назар дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия шарики стратегӣ ба шумор мераваду пайваста мо шаҳрвандони ҳарду кишварро зарур аст, ки баҳри пойдориву мустаҳкамии он кушему ба иштибоҳҳо роҳ надиҳем. Зеро як иштибоҳ метавонад дунёро сӯзонад, дунёе, ки бо шарофати чунин мавқеъириҳо дар ҳоли сухтан аст.

           Ғамхорӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонӣ аз онҳо аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

         Бе муҳобот, насли кунунии кишвар маҳз ҷавонони ифтихорманди меҳани маҳбубамон  ҳама парвардаи иқдомоти дурбинона ва талошҳои ояндасозӣ Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ  ҳастанду мемонанд. Ва ҳеҷ қувва дигар наметавонад садди роҳи пешрафту шукуфоии Ватани мо бошад. Чунки ин Ватан имрӯз соҳиб дорад ва ҳамагон барои ҳимояи он омодаем.

Роҳбари намояндагии

ТҶҶ «Созандагони Ватан» 

дар ноҳияи Ш.Шоҳин                                                       А.Неъматов

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин