Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Вокуниш ба матолиби «Паём нет» , «КДАМ дар Бадахшон чӣ мекобад?»

 

Матолиби болозикр дар шабакаи «Паём нет» интишоршударо мутолиа намуда ҳамчун шахси соҳибҳуқуқ хостам назари худро дар мавриди ин мақолаи сар то по  муғризона пешниҳоди хонанда намоям.

 Шабакаи «Паём нет» маълум аст, ки танҳо ва танҳо маводеро рӯи чоп меорад, ки масъалаҳои яктарафа баррасишудаву фармоишианд. Аз интишори маводи болозикр ва маълум набудани муаллиф аллакай хонандаи закӣ мақсади ғаразноки ин шабакаи иртиҷоиро эҳсос мекунад.                       Аввалан ба маълумоти дастандоркорони «Паём нет» мерасонем, ки Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти мақомоти марбутаи соҳавӣ аллалхусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ба хотири сулҳу суббот ва осоиштагии мардуми бумии ин минтақа аст. Баъдан КДАМ аз ҳудуди Тоҷикистон ба дохили ягон ҷумҳурии дигар надаромадааст, ки ҷор зада матолибатонро бо номи «КДАМ дар Бадахшон чӣ мекобад?» оғоз кардаед!. Шарматон бод, муддаиёни «Паём нет» бо чунин тарзи рафтор!

 Маълум аст, ки афзоиши гардиши маводи мухаддир дар Бадахшон ва заҳролудшавии ҷавонони ин минтақа аз истифодаи ин вабои ин аср назар ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст. Ва ин нишондод аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин минтақа садо дода, мавриди эроди ҷиддӣ қарор дода шуд. Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ кори дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои қудратист. Ҳатто қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ин ватан аст, ки барои таъмини осоиштагии аҳолӣ бояд саҳми арзанда дошта бошад. Шумо аҳли шабакаи  «Паём нет»  ҳавасманди  рушди ҷисмонию равонии ин миллат нестед. Зеро, вақте ки  ватанро фурӯхтед барои шумо барин  тоифа миллат ба кадри гарди хокистар арзиш надорад. 

 Рӯи рост, туҳмат задан ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва сари онҳо бор кардани гардиши силоҳу маводи мухаддир, мусулмонии шумою шиорпардозии ҳаводоронатонро дар мавриди «Минбари мардум» буданатон зери шубҳа мебарад. 

 Дарвоқеъ  шумо аз КДАМ азият дидаед, яъне ҳамин ниҳоди қудратӣ ҳама бозиҳои пасипардагиатонро дар Тоҷикистон рӯи об баровард. Аз роҳи рашк ба  ҳар роҳу восита «интиқом» гирифтан мехоҳед,  аз ин ниҳоди қудратӣ. Вале хушбахтона хестед, ки хобед.

 Барои мо аз шумою ҳаракатҳои муғризонаатон дида амнияти давлату ҳукумат болост. Ҳар иқдоме, ки КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ нуқоти кишвар мекунад, бори дигар ёдовар мешавем ба хотири ободию осоиштагии ватан аст, ки мо сокинон аз он хуш истиқбол мегирем. Ба ибораи дигар «саг  аккос мезанаду корвон бо роҳи худ меравад».

 Ин матолиби хушку холиатон дигар наметавонад руҳияи мардуми Тоҷикистонро дигар созад. Чунки барои мо сулҳу шукуфоии Ватан аз ҳазорҳо маводи интишории «Паём нет» болост.

        Раиси 

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Ш.Шоҳин                                       Т.Назарзода

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин