Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Вокуниш ба матолиби «Алим Шерзамонов «Мо тарафдори интиқоли мусолиматомези қудрат ҳастем»

 

 Хабаргузории «Тасним» доир ба фаъолияти «Паймони миллии Тоҷикистон»  бо роҳбари  иҷроияи  иртиҷоии «Анҷумани озодандешони тоҷик» дар як вақт  муовини раиси «паймони миллӣ» Алим Шерзамонов суҳбати ихтисоси анҷом дода, муҳтавои онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.

   Алим Шерзамонов дар мавриди пайёмадҳо ва бархӯрдҳо аз ҷониби мардум нисбати фаъолияти «паймон»  сараввал андешаи хабаргузории «Тасним»-ро тасдиқ намуда, баъдан барои баромадан аз вазъият иброз медорад, ки  «мо аз ибтидо ба ин бардхӯрдҳо омода будем». Ба ақидаи ӯ гӯё эътилоф дар як рӯз шакл нагирифта, бо такя ба муҳоҷирону «фаъолони тоҷик» дар давоми ду соли охир онро созмон додаанд. Ин «мунақид» дар баён бори дигар барои хоста гардонидани ғаразҳои сиёсию  шахсӣ аз истифодаи муғризонаи мардуми муҳоҷир рӯ наметобад. Рӯйи рост муҳоҷироне, ки барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд ба доми маккоронаи худ кашида, онҳоро ҳамчун «фаъолони тоҷик» муаррифӣ ва истифода менамояд.

    Шуруъ кардани фаъолияти ба ном «сиёсӣ»-и Алим Шерзамонов дуруст аст, ки дар дохили давлатҳои муштаракулманофеъ  чуноне ки худи ӯ ном мебарад, ғайри имкон аст. Зеро давлатҳои пасошуравӣ чеҳраҳои манфури уву ҳаводорони хиёнаткорашро медонанду мешиносанд ва ҳамчун  муассиси ташкилоти иртиҷоӣ дар пойгарди қонунӣ қарор доранд.

      Ҷойи дигар, Алим Шерзамонов нигаронӣ мекунад, ки гӯё дар Тоҷикистон ҳокимияти қонунӣ ғасб шудааст. Вале ӯ боре  андеша намекунад, ки ҳукумати мардумиро  уву ҳамсафонаш бар муқобили иродаи мардум дар соли 2015 ғазб кардан мехостанд, аммо чуноне, ки дар урфият мегӯянд, ки бори каҷ ҳеҷ гоҳ ба манзил намерасад. Хоҳиши уву дигар чорпоён дар мавриди ба мардум баргардонидани ҳокимият як андешаи ботилу ҳавою ҳаваси хоинона  чизи дигаре бештар нест. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимият дар Тоҷикистон ба халқ марбут аст ва идораи он дар доираи шаклгирии қонунгузории амалкунанда бо назардошти талаботи қонуни асосӣ мавриди амал қарор мегирад. 

    Дар мавриди дигар, Алим Шерзамонов  Иттиҳоди Неруҳои Опозитсияро  ҳамшабеҳи  «паймони миллӣ»  мепиндорад, ки ин андеша ба ақидаи мо хатост. Байни Иттиҳоди Неруҳои Опозитсия ва «паймони миллӣ» фарқ аз замин то осмон аст. 

       Алим Шерзамонов  сулҳи тоҷиконро сулҳи ду минтақа маънидод карда,  «паймони миллӣ»-ро дар заминаи фаъолият  имконияташро «фаррохтар» меҳисобад, ки чунин натиҷагирӣ ва таҳлил  бозингари сиёсӣ  будани уро комилан собит месозад.

     Муаллиф бо ин таҳлилаш ҳисси нафрату  бадбиниҳоро дар Тоҷикистон ягона роҳи ба қудрат расидан   эътироф намуда, зери парда пинҳод будани худу пайравонашро ошкор месозад. Вагарна, кӣ бовар мекунад, ки сулҳ дар Тоҷикистон сулҳи ду минтақа аст! Ба фикрам ҳеҷ кас. 

    Дар робита бо ин ба иттилои ин «сиёсатшинос» мерасонем, ки сулҳи тоҷикон ин сулҳи тамоми мардуми Тоҷикистон аст, на ба он гунае, ки Алим Шерзамонов  тасаввур  мекунад.  Агар сулҳ дар муҳити  ду минтақа эъҷод мешуд, имрӯз Тоҷикистон  ба чунин муваффақиятҳо намерасид. Натиҷаи ҳамин сулҳи сартосарист, ки кишвари маҳбуби мо рӯз то рӯз ободу зебо мешавад. Вале, бадбахтона ин пешрафтро шумою дигар тарафдоронатон  дидан наметавонед.

    Аз сухансозиву таҳлилҳои Алим Шерзамонов бараъло эҳсос мегардад, ки дар дохили бо ном паймони таъсисёфта ҳоло ҳам чандирандешию нофаҳмӣ дар мисоли «гуруҳи 24» вуҷуд дорад ва чеҳраи паймони дуруғини мухолифон бо назардошти манфиатҳои кадом як тарафи манфиатдори хориҷӣ аз назарҳо пинҳон намемонад. 

     Дуруст аст, ки Алим Шерзамонов иброз медорад: «тоҷикон дар як марҳилаи миллатсозӣ қарор доранд». Вале мо бо тамоми масъулият иброз медорем, ки ин миллатсозӣ бе иштироки шумою ҳамсафонатон дар Тоҷикистон амалӣ мешавад. Ҳамагон медонанд, ки барои шумоён  «ҳисси миллӣ, ватану ватандорӣ» ба қадри хаси болои об арзиш надорад.

      Дар атрофи худ ҷам кардани «гуруҳҳои мавҷудаи имрӯз» низ ба хотири нафси баду ғаразҳои сиёҳатон аст, ки бо ин роҳ худу дигар пайравонатонро  табобат месозед. Ин табобатсозӣ ба андешаи солим дер давом намекунад, зеро шумо бемори табобатнашавандаед.

      Назарзода Толибҷон Мирзомад  

   сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин