Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НАТИҶАИ ФИРЕБХУРДАГӢ

Яъне онҳо ҷавононро ба доми фиреби худ кашида худро ҳомӣ ва дилсӯзи дини мубини Ислом нишон дода аз онҳо ба манфиати худ истифода мебаранд. Ба воситаи онҳо амалҳои тахрибкорона ва хусусияти террористӣ-экстремистидоштаро роҳандозӣ карда фазои орому осудаи кишварро мехоҳанд халалдор намоянд. Баъзе аз ин гуна ҷавонони фиребхурда дар хориҷи кишвар, дур аз ватан, дур аз волидайн ва хешу ақрабо ба чӣ ҳасратҳое зиндагӣ доранд, ки ҳатто баъди маргашон низ ҷасади онҳо аз хоки поки ватан маҳрум мегардад. Вафоти нафари 46 солае, ки гуфта мешавад аз наздикони Абдуллои Нурӣ будааст гувоҳи ин гуфтаҳост. Номбурда дар шаҳри Дортмунди Германия фавтида ҳамонҷо дур аз ватан ба хок супурда шуд. Инро шунида бояд ҳар шаҳрванди ин кишвар махсусан ҷавонон ба худ андеша намоянд, ки оқибати хиёнат ба ватан чунин аст, ки ҳатто ватан ҷасади онҳоро ба худ роҳ намедиҳад. Ҷавонони кишвар бояд илму ҳунар омӯзанд, аз илму технологияҳои замони муосир баҳравар шуда ватани азизамонро обод созанд.

Имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Абӯҳанифа ш. Ҳисор Фозилов Шарофиддин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин