Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

МАН АЗ БЕГОНАГОН ҲАРГИЗ НАНОЛАМ …

 

Шайх Фаридуни Аттор дар “Тазкиратул авлиё” аз рӯзгори шайхе нақл мекунад: Чун шайх ба бемории шадиде мубтало шуд, ба наздаш табиби яҳудиеро оварданд. Табиб пурсид, куҷоят дард мекунад, то даво созам? Аммо шайх изҳори миннатдорӣ намуда, ба табиб чизе нагуфт.

Пас аз рафтани табиб рафиқонаш аз асли воқеа пурсон шуданд, посух дод: Шарм доштам, ки аз дӯст дар назди душман шикоят кунам!

Оре, бузургон ҳаргиз аз дӯст дар назди душман шикоят намекунанд.  Аммо яке аз “дӯсту ғамхори миллат”, ба ибораи худ “ҳомиву кафили сулҳ” – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аз халқу ватани худ шикоят намуда, хост миллати худро бадном кунад.

Чунин кирдор бетаваҷҷуҳ намонда, ҳар як шаҳрванд аз ин амалӣ ҳизб изҳори норозигӣ намуд. Зеро Раёсати Олии ҲНИТ ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистону Қирғизистон муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҷиҳати халалдор шудани Созишномаи сулҳ ва пешомади хатар ба суботи минтақа шадидан нигарон мебошад. Агар ин иқдом як ё ду сол баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти  миллӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ мешуд, муаллифонро фаҳмидан мумкин буд: ибтидои ҳар амали бузург баъзан ноҳамвориҳое дорад, ки онҳоро тавассути муколамаву музокирот ҳал кардан имконпазир аст. Аммо ин муроҷиати ҲНИТ баъди 21 соли татбиқи Созишномаи сулҳ садо медиҳад ва дар ҳоле, ки пиру барно ва фақиру дорои Тоҷикистон аз тинҷиву амонӣ ва осудагиву субот  ифтихор  мекунанд, муддаиёни ҲНИТ изҳори ташвиш доранд, ки сарнавишти сулҳ дучори хатар аст.

Тӯли 21 соли баъди имзои Созишномаи сулҳ Тоҷикистон аз як кишвари шабеҳ ба як деҳкадаи вайрону валангор ба як мамлакати неруманд аз нигоҳи иқтисоду фарҳанг ва илму ҳунар табдил ёфт, ба таври расмӣ дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонии молиявӣ ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ эътироф шуд, ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта гардид. Омори зиёде овардан мумкин аст, ки вазъи воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳоли кунунӣ муаррифӣ кунад, аммо тавре ки дар урфият мегӯянд: он ҷо ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест…

Муаллифони муроҷиат ба СММ ва як идда созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон аз он бонги хатар задаанд, ки имрӯз дар аҳдномаи сулҳ ихтилоф шуда, суботи кишвар ва ҳатто минтақа зери хавф қарор гирифтааст. Онҳо як ҷониби музокироти сулҳ буданашонро на як бору ду бор, балки ҳамасола таъкид мекунанд ва аз нақзи ҳуқуқашон дар ин бобат хотирнишон месозанд. Ин даъвӣ комилан нодуруст ва ҳатто ғайримантиқӣ менамояд, чун агар ба таври сарсарӣ ҳам бо асноди Созишномаи сулҳ ошно шавем, хоҳем дарёфт, ки сулҳи тоҷикон натиҷаи 21 музокирот дар тӯли чаҳор сол бо созмоне таҳти унвони ИНОТ буд ва агар онро шарҳ диҳем, Иттиҳоди неруҳои оппозитсиюни тоҷик хоҳад буд. Дар ин созмони мухолифи Ҳукумат чандин ҳаракату гурӯҳҳо ва ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳое буданд, ки ҲНИТ ба таркиби он шомил буд. Яъне  мантиқан ҲНИТ ҳамчун як ҳизби дорои характери динӣ ба таркиби ИНОТ дохил буд ва музокирот бо ИНОТ сурат мегирифт, на фақат бо ҲНИТ… Аз ин рӯ, худро як ҷониби комилан мустақили Созишномаи сулҳ пиндоштани муаллифони изҳорот иштибоҳи бузургест. Дар ин хусус даҳҳо тадқиқот аз ҷониби муҳаққиқон сурат гирифта, роҳи тӯлонии музокироти сулҳ қадам ба қадам рӯшан шудааст. Биноан, худро як ҷониби музокироти сулҳ эътироф кардани ҲНИТ ба ягон чаҳорчӯбаи мантиқ намеғунҷад.

Имрӯзҳо даҳҳо кишварҳои ҷангзада сабақи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҷрибаи суботи Тоҷикистонро барои дигарон тавсия медиҳанд. Муҳимтарин ҳадафи Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ расидан ба сулҳи сартосарӣ, аз ғурбат вориди ватан овардани фирориён, тақсими ҳокимият-таъсиси саҳмияҳои сифоиза ба хотири ба вуҷуд овардани эътимоди дуҷониба ва бунёди як ҷомеаи демокративу қонунасос буд, ки ҳамаи ин аҳдоф комилан иҷро шудаанд.

Магар қатъ шудани ҷангу хунрезӣ ва муттаҳид шудани миллат самараи сулҳ нест? Магар аз 85 фисад то ба 32 фоиз паст шудани сатҳи камбизоатӣ нишондиҳандаи беҳ шудани зиндагии омма нест? Муаллифони изҳорот зери ибораи «иҷро нашудани Созишномаи сулҳ» чиро дар назар доранд, номаълум аст ва маҳз ҳамин умумигӯӣ боиси шармсории онҳо назди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гашт.

Дар изҳорот омадааст, ки «…ноком гаштани таҷрибаи нодири сулҳофаринӣ ва ваҳдатсозии миллати тоҷик бо кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ дар ҳамаи равандҳои минбаъдаи кишвари мо ва минтақа хоҳад расонд…». Агар ишораи муаллифони муроҷиатномаи ҲНИТ дар пасманзари ин ҷумла нокомиҳои ҲНИТ дар арсаи сиёсат ва махсусан интихоботи парлумонӣ, боздошт шудани баъзе аъзои ин ҳизб дар амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла ғайри қонуни гирифта гаштани яроқ, азхудкунии амволи ғайр, қаллобию дигар ҳуқуқвайронкуниҳо бошад, пас онҳоро бояд ҳушдор дод, ки як маротиба бандҳои алоҳидаи Созишномаи сулҳ ва истиқрори миллиро варақ зананд, то дар кадом банди он омадааст, ки бояд аъзои ҲНИТ умрбод аз ҷавобгарӣ барои дилхоҳ ҷазо озоданд ва ҳар касе, ки аъзои ин ҳизб шуд, бояд ҳатман бологузару дахлнопазир бошад? Ноком шудани ҲНИТ ҳаргиз маънои ноком шудани таҷрибаи нодири сулҳофаринии тоҷиконро надорад. Сулҳи мо ҳаргиз ноком нашудааст ва инро нобинои асобадаст ҳам мебинад. Агар сулҳ ноком мешуд, пас ҲНИТ то ҳол чӣ гуна фаъол мебуд? Мантиқ куҷост? Ё худ дар интихоботи парлумонӣ раъйи ками мардумро соҳиб шудани ҲНИТ магар айби созишномаи сулҳ аст? Шояд дар “Созишнома”-и  сулҳ нокомили онҳо гуфта шудааст, ки мардум ҳатман ба ҲНИТ овоз диҳанд? Муаллифони муроҷиатнома фаромӯш кардаанд, ки аз сулҳи тоҷикон то имрӯз 21 сол сипарӣ шудааст. Дар ин миёна тафаккур, ҷаҳонбиниву тарзи зист ва маънавиёту ахлоқ, хуллас, ҳама анвои андешаву назар таҳаввул ёфт. Имрӯз  мардум сиёҳро аз сафед фарқ мекунанд, зиндагиву фаъолият дар Тоҷикистонро бо кишварҳое чун Сурияву Ироқ, Афғонистону Нигерия, Мисру Фаластин муқоиса мекунанд, ҳаёти ояндаи фарзандону пайвандонашонро дар мизони андеша бармекашанд ва рӯзгори ободашонро ба ҳеҷ ваҷҳ дубора зери хатари муноқишаву муқобала қарор додан намехоҳанд. Ана ин аст муҳимтарин натиҷае, ки тӯли 21 соли амали Созишномаи таърихии соли 1997 ба  амал омадааст.  Тафаккури мардум ва муносибати он ба воқеият комилан воқеъбинона шудааст. Бояд гуфт, ки ноком шудани ҲНИТ дар интихобот ба баъзе аъмоли бад даст задани аъзои ин ҳизб, ки як раванди комилан оддӣ ҳисоб меравад, вобаста аст. Мардум дар фазои озод ҳизбу афроди дилписандашро интихоб мекунанд, гунаҳкорон ба ҷазо кашида мешаванд ва назди қонун фарқе надорад, ки ҷинояткор шомили кадом фирқаву ҳизбу ҳаракат аст. Инҳо амалҳое мебошанд, ки дар таҷрибаи тамоми кишварҳо маъмуланд, зиёда аз ин, дар кишварҳои демократӣ хостаҳои аксарияти мардум ба инобат гирифта мешаванд. Имрӯз ҲНИТ мақому эътиборашро аз даст додааст, инро пинҳону рӯшан мардум мегӯянд, мавқеъ ва муносибаташонро дар воситаҳои ахбор баён медоранд. Аз ин фоҷиа сохтани дастандаркорони ҲНИТ камоли беандешагист. Вуҷуди ҳар ҳизбу созмони иҷтимоӣ ба раъй ва ниёзҳои мардум бастагӣ дорад. Агар ниёзе ба мавҷудияти ин ё он ҳизб набошад, он табиист, ки аз саҳнаи сиёсат хориҷ мешавад. Таҷрибаи сиёсии даҳҳо кишварҳои олам ба ин гуфтаҳо гувоҳанд. Аз ин хотир, тамоми бадбахтиҳо, нокомиҳо ва шикасту рехти ҲНИТ-ро ҳамчун фоҷиаи миллӣ ва иҷро нашудани Созишномаи сулҳ дар сатҳи миллат баровардан ва ба даҳҳо созмонҳову кишварҳо муроҷиат карданро, як амали бехирадона баҳо додан мумкин аст. Маркази исломии Тоҷикистон ва ниҳоди раҳбарии он - Шӯрои уламо даҳҳо далелҳои шаръӣ дар хусуси ноҷоиз будани ҳизби исломӣ дорад ва ҷомеаи муслимини кишвар аз онҳо огоҳанд. Ҳоҷат ба баёни муфассали онҳо нест. Он чи ки гуфта шуд, кифоят аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон аз нодуруст будани ин амали раҳбарияти ҲНИТ дар мавриди муроҷиаташон ба СММ ва дигар ниҳодҳо огоҳӣ ёбанд. ҲНИТ бо ин муроҷиатномаву изҳорот мехост обрӯву манзалат ва қадру қимати миллат ва давлати Тоҷикистонро дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ камарзиш нишон бидиҳад. Ин тирашон ба нишон намерасад, зеро ҳоло на соли 1997, балки соли 2018-ум аст ва Тоҷикистон дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун кишвари ободу осуда ва рӯ ба рушду пешрафт мавқеи мустаҳкам дорад.

 

 

                                                                Ҷамолиддин    ФАЙЗАЛӢ

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин