Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

МАЗҲАБСИТЕЗИИ ТЕРРОРИСТОНИ ВАТАНӢ

 

Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад.

Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтари дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.Чунин як гурӯҳи мунофиқон солҳои навадум дар Тоҷикистон хуруҷ карда, ҳизби ба ном исломӣ созмон доданд, ки бо гузашти айём ҳамчун ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шинохта  шуд. Ин ҳамон ҳизб аст, ки солҳои навадум ватани моро ба доми ҷанг кашида, сабабгори кушта шудани даҳҳо ҳазор мардуми  бегуноҳ, ятим мондани садҳо ҳазор тифлони маъсум, вайрону валаногор шудани шаҳру деҳоти обод мебошад. Ин ҳамон ҳизб аст, ки худро ҳомии дини ислом гӯён сар мебурид, Аллоҳу акбар гӯён тир мекушод.  Давлату  ҳукумати Тоҷикистон баҳри сарҷамъ намудани халқи тоҷик, баҳри сулҳу суботи ватан ҳамаи гуноҳҳои ташкилоти террористии ҲНИТ-ро бахшид, ба онҳо вазифаҳои баланд дод, онҳоро парварид, аммо баъд аз гузашти бист сол ҲНИТ бори дигар наштар зад. Бо роҳнамоӣ ва ҳидояти пуштибононаш  мехост, бори  дигар ватани моро ба  хун оғушта  сохта, зимоми давлатдориро ба дасти худ гирад. Аз он, ки дар натиҷа ҳазор-ҳазор одамони бегуноҳ кушта мешаванд ва Тоҷикистон мисли Сурияву Ироқ хароб мегардад, парвое  надоштанд.

Аммо тирашон хок хӯрд. Ҳеҷ кас онҳоро дастгирӣ накард. Зеро халқи тоҷик хоҳони сулҳ аст ва ҳаргиз бадиву хунрезиро қабул надорад.

Ҳанӯз аз оғоз маълум буд, ки ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лӯхтаки дасти кадом қувваҳое мебошад. Мардум борҳо иддао доштанд, ки ақидаҳои ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо таълимоти мазҳаби ҳанафӣ созгор нестанд, зеро аз даъватҳои ҲНИТ бӯи хун меояд. Он солҳо ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор намекард, ки дар хориҷа пуштибон дорад ва нақшаҳои хоҷагони худро алайҳи халқи тоҷик амалӣ менамояд. Ташкилоти террористии Ҳизби  наҳзати исломии Тоҷикистон худро бо ҳар баҳона  сафед карданӣ шуда, аз номи дини поки ислом баромад мекард. Айни ҳол Муҳиддин Кабирӣ роҳбари фирории ташкилоти террористии «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон» баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои ба ном ба мо «дӯст» қарор дорад.

Кабирӣ аз хориҷа истода тавассути сомонаҳои интернетӣ ва баромадҳо дар ВАО ҳар қадаре метавонад, Тоҷикистонро бадном мекунад, зеро ба ҷуз бадгӯӣ дигар чорае надорад. 

Имрӯз  Кабирӣ  мехоҳад бо ҳар роҳу восита ақидаи ҷомеаи ҷаҳониро нисбати Тоҷикистон дигар созад, худро ҳомии дини ислом вонамуд кунад, нишон диҳад, ки маҳз барои пуштибонӣ аз ислом мавриди таъқиб қарор гирифтааст ва ғайраву ва ҳоказо. Мегӯянд офтобро ба доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама медонанд, ки ташкилоти террористии ҲНИТ бо роҳбарии Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доранд. Аммо боиси тааҷҷуб ва таассуф  аст, ки давлате  мисли Ҷумҳурии Исломии Эрон як ҷинояткорро «Ҳазрат» ва «Ҷаноб» мепиндорад, пуштибонӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунад. Давлате, ки бо Тоҷикистон ҳамзабон, ҳамдин ва ҳамфарҳанг аст. Мо аз Кабирӣ гила надорем, зеро душмани ошкор аст ва мувофиқи ин амал мекунад. Аммо Эроне, ки моро бо ҳам тамаддуни чандҳазорсола мепайвандад, чӣ ғараз дорад? Агар мақсад барангехтани ихтилофоти мазҳабӣ бошад, пас мо бояд чӣ вокуниш нишон диҳем?

Ҳоло сир фош шуд ва ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии исломии Эрон ошкоро ақидаи шиаро тарғиб мекунад. Ин ҳамон ақидаест, ки аз ибтидо наҳзатиён ба он дил баста буданд ва мехостанд онро дар Тоҷикистон роҳандозӣ кунанд.

Мусаллам аст, ки мардуми Тоҷикистон 1300 сол инҷониб пайрави аҳли суннат ва ҷамоат - мазҳаби ҳанафии дини ислом мебошанд ва пешвои мо шахсияти беназир Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит мебошад.   Воқеан шахсони бузурге  чун Имоми Аъзам (р) танҳо ба миллату маҳал маҳдуд набуда, бузургии онҳо аз ин доираҳо берун омада, баҳри хидмати аҳли башар вусъати ҷаҳонӣ пайдо мекунад, ки нишонаи возеҳи он эътирофу эҳтироми миллату халқҳои гуногун аст.

Имоми Аъзам (р) аз ҷумлаи чунин симоҳои намоён аст, ки шӯҳрату нуфузи ӯ дар олами ислом беназир аст. Имоми Аъзам (р) аз қабили ҳакимони ориф  мебошад, ки ҷавҳари таълимоти ӯро таҳаммулпазириву инсондӯстии оқилона ва наҷибона ташкил медиҳад. Мағз андар мағзи осори Имоми Аъзам (р)-ро васфи инсон, баланд бардоштани манзалату мартабаи ӯ, ҳимояи манфиати ҳаётии вай, таъкиди мақоми иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар фард, эҳтироми зан-модар, такмилу тақвияти суннатҳои фалсафию ирфонии худшиносию худогоҳӣ, роҳу тариқаҳои тарбияи ахлоқӣ ташкил  медиҳанд. Муносибати поку боэҳтиромона дар оила, ба падару модар, зану фарзанд ва хешу ақрабо, дастгирии бечорагону корафтодагон, ба ақидаи он ҳазрат, ҳамон пайвандест, ки метавонад як оиларо бо оилаи дигар ва ҳамин тавр як ҷамоаро бо ҷамоаи дигар ва дар ниҳоят тамоми раияти ҷаҳониро муттаҳид созад.

Аз нигоҳи Имоми Аъзам омили инсонӣ аз омили мазҳабӣ болотар аст. Мақсаду мароми асосии фалсафаи ин марди хирадманд ба дараҷаи инсони комил расондани ҳар фарди ҷомеа аст, ки тавонад дунёи маънавӣ ва олами ҷисмониашро аз айбу нуқс, унсурҳои зишт пок намуда, ба туфайли қаноат, сабру таҳаммул, идроку маърифат, ғайрату риёзат, садоқату рафоқат, ҷисмониёту маънавиёташро ба ҳадди камол расонад.

  Имоми Аъзам (р)-ро сарнавишти аҷибу пурифтихоре насиб гардидааст. Вай зодаву парвардаи  Кӯфаи Ироқ буда, азизи Тоҷикистон, ифтихори Ҳинду Покистон ва писандидаи Арабистон мебошад.

  Агар дар бораи Имоми Аъзам соатҳо сухан кунем, кам аст. Аммо бо назардошти пайрави мазҳаби ҳанафӣ будани мардуми Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти террористии ҲНИТ тарғиб намудани ақидаи шиа чӣ маъно дорад?  Аз ин бармеояд, ки наҳзатиҳо мехостанд бар болои ҳама бадбахтиҳои овардаашон, мардуми моро ба доми ихтилофоти мазҳабӣ кашанд. Аммо ин фикри хом аст. Тоҷиконро наметавон шиа кард! Мо ҳамчун пайрави мазҳаби таҳаммулгаро бо ҳама мазҳабҳову адён ҳамзистӣ дорем, аммо вақте мебинем ҳамсояи ҳамдину ҳамфарҳанг бо душмани мо ҳамнишин аст ва ташкилоти террористии ҲНИТ-ро худ созмон додаву зидди мардуми мо равона месозад, дар тааҷҷуб мемонем.

Имрӯз рӯҳониёни шинохтаи эронӣ ба корҳои дохилии Тоҷикистон ошкоро дахолат намуда, ба давлату ҳукумати мо маслиҳат медиҳанд, танқид мекунанд, роҳ нишон медиҳанд. Пас чаро мо рӯҳониёни тоҷик бояд хомӯш бошем? Имрӯз Ҷумҳурии Исломии Эрон террористи ашаддӣ ва роҳбари ташкилоти террористӣ Муҳиддин Кабириро дар оғӯш гирифта, парвариш менамояд, пас мо бояд чӣ хулоса барорем? Чунин амалкарди давлати ҳамсоя шоёни таҳсин нест!

Дар баробари ин мо ҷавоб надода, хомӯш истода наметавонем, бинобар ин изҳор медорем, ки қарсак аз ду даст аст ва ҷиҳати нигоҳ доштани муносибатҳои дӯстона, ҳамсояи ҳамдину ҳамфарҳанги моро низ лозим аст, то ҳарими тоҷиконро эҳтиром намояд ва мазҳаби моро пос дорад. Мо дар миёни бозиҳои баъзе давлатҳои абарқудрат қарор дорем, ки мехоҳанд Тоҷикистонро барои ҳадафҳои худ истифода баранд, аз дохили кишвар исён хезонанд, бори дигар мардумро гумроҳ намуда, мисли Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон моро ба ҷанг кашанд.

Бинобар  ин, моро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надиҳем, бикӯшем, ки ваҳдати миллии худро нигоҳ дорем, зеро сулҳу салоҳ, тинҷиву оромии кишвар аз ҳар яки мо вобаста аст.

Бовар дорам  гуфтори  парокандаи Кабирӣ дар бораи бегуноҳии худ ва бадном кардани давлати мо ҳеҷ натиҷае ба бор намеорад, зеро бузургон гуфтаанд «Дарё палид менашавад аз даҳони саг»!

Мардуми шарифи ноҳияро ба иттиҳоду якдилӣ даъват намуда, аз ҳамаи шумо хоҳони онам, ки сулҳу салоҳро мисли гавҳараки чашм нигаҳбон бошед.

 

 

 

Ҷамолиддин    ФАЙЗАЛӢ

Мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин