Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Табиати роҳи хато зиндон аст!

 

Гурӯҳҳои мухолифи давлат ва сиёсати имрӯзаи давлат ва ҳукумати имрӯзаи мо бо ҳар роҳу восита мехоҳанд дар ҳаёти сиёсию ичтимоии Точикистон таъсиргузор бошанд. Гурӯҳи 24 дар баробари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо ақидаҳои зиддимиллию зиддидавлатӣ ҳамарӯза дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои кутоҳу коркардшудаи худро гузошта мехоҳанд, ки қишри осебпазири ҷомеа, бахусус ҷавононро ба доми найрангҳои сиёсии худ андозанд.

     Ахиран ин гурӯҳ дар шабакаи иҷтимоии «Ютуб» доир ба масъалаи дар боздоштгоҳи муваққатии кишвари Полша қарор доштани ҳамсангарашон Мустафо Ҳаётов назди дурбин шиква намуда, муддати як солу ду моҳ аз мунсифона баррасӣ нашудани қазияи ӯ ибрози андеша мекунанд.

     Ба ақидаи Нуриддин Ризоӣ ба ном фаъоли иҷтимоӣ асли қазияи Мустафо Ҳаётов ин носозгори ва таблиғи чиҳод зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аст ва гӯё боздоштшуда аз он хафа ҳаст, ки дар мубориза ба муқобили давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар бари «ҳамсафонаш» нест…

     Хок бар сарат бо ин таҳлили хандахарришу дур аз ҳақиқати аслӣ! Не, чаноби Нуриддин Ризоӣ! Мустафо Ҳаётов муддате дар Россия кору зиндагӣ мекард ва чун ҳавою ҳавас ва нафаси баду аъмоли бад дошт, хост дар Аврупо дар бозиҳои калони сиёсӣ соҳиби бренд бошад. Аниқтараш, хаёлу ҳаваси давлату бойгарӣ ӯро бо шумо ҳуввиятгумкардаҳо пайванд сохт! Ва чун чавон буд аз бозиҳои сиёсии туву ҳаммаслаконатон бехабар монд, фаъолияти носозгоре кард, ки аз чониби аврупоиён низ қабул набуд. В-агарна кишварҳои аврупоӣ бечурм касеро боздошт намекунанд! Бадбахтона бо сиёсати ғайримунсифонаю маккорона сари садҳо чавонони точикро ба бод додаю дар қасру кушкҳои аврупоӣ давлат меронед ва чун сирру асроратон бознигарӣ мешавад, ба қавле худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқи инсон вонамуд сохта, аз якдигар мусичаи бегуноҳ месозед!?

     Ҳатто Нуриддин Ризоӣ шарм надошта дар ҳалли қазияи ҳаммаслакаш Мустафо Ҳаётов пешниҳоди маблағро низ истисно намедонад. Ва, гӯё ин андеша, андешаи ришвапешниҳодкунӣ барои ӯ бегона аст. Аммо ҳақиқат воқеан чизи дигар аст, яъне бо чунин шеваи гуфтор мехоҳад, ки аз бозгашти ҳамтои худ сармояи навбатӣ ба даст биёрад. Албатта, аз ҳисоби дигар асолатбохтаҳою роҳгумзадаҳо!

   Ба ақидаи «Чаро Мустафо дар зиндон аст?» метавон посух дод, ки бандаи нафсу ҳавас ҳарчое, ки бошад оқибаташ зиндон аст! Табиати ин роҳ тавр аст, марг, зиндон ва нобудӣ!

 

                                                             Ошимов Абдураҳим- фаъоли сиёсӣ

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин