Сафари Пешвои миллат ба Европа бозгӯкунандаи қудрати миллати тоҷик аст!
Аз фурӯғаш дидаи мо равшан аст,
Дар ҳисораш ҳастии мо эман аст.
Ҳалқаҳои зиддимиллӣ, ки дар муҳити оворахонаҳои Европа хайма задаанд, аз ҳар дастоварди ҷиддии давлатдории муосири тоҷикон дар самти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ҳангомаи нораво паҳн мекунанд ва мекушанд сафедро сиёҳ, хубро бад ва дастовардро ба нуқсону камбудӣ табдил дода, вазъияти ҷумҳуриро воруна нишон диҳанд. Ташрифи расмии Пешвои миллатро ба Европа кам гирифта, он доираҳое, ки дар боло зикрашон рафт, дар зуҳури чунин кори фавқулодда фоиданок барои миллат тарафҳои бадиро меҷӯянд. Чун ки бадманишон қобилият ва иқтидори навҷуӣ ва навпоиро надоранд, буҳрони шадиди шахсиятӣ ва афсурдагии беморгунаи раҳбарияти ифротиён, ҳамаи онҳоро домангир аст. Аниқтараш онҳоро дар кӯчаву гузари муҳоҷирони бодиянишини араб дар Парижу Берлин замингир кардааст, ки зарфияти на танҳо таҳлилӣ, балки инсониро билкулл гум кардаанд.
Ватандороне, ки ҷоғ намезананд ва дар Ватан истода шабу рӯз захмат мекашанд, медонанд, рузе ки намегузарад, тамоюли ба кишвари абарқудрати минтақавӣ табил ёфтани Точикистон зиёд аст. Роғун сохта шуд, созмони муътабари «Дуинг бизнес» номи муборак кишварро дар қатори кишварҳои даҳгонаи беҳтарин бо шароити мусоиод сайёҳи ном мебарад. Варзишгарони мо қаҳрамони ҷаҳон мешаванд (Маҳмадбеков С.), тимии футболи ҷавони тоҷик аз болои каҳрамони Африқо – Камерун ғолиб мешавад. Тоҷик давлатии обод ва озод дорад, қудрати ҳимояи халқи худро аз балоҳои чӣ ифротӣ (хонда шавад наҳзатӣ) ва хориҷӣ дорад. Аз он, ки гурӯхаке дар кибру ғазаби худ ва дигарон ғӯтавар ҳастанд ва парокандавожаҳое менигоранд, «бо неши пашша кам нашавад х..яи фил» монанд аст. Пеш аз ҳама анқариб 10 млн.тоҷик дар Ватанашон хотири ҷамъ ва амнияти саросарӣ доранд. Тоҷикистон зоянда ва пешоҳанги ғояҳои муттаҳидгари минтақаи форсизабонон ва ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Нишасти сатҳи ҷаҳонӣ дар бораи фарҳанги бостон баёнгари ҳ