Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Подшоҳи одил дар рӯи замин сояи Худо аст. Ҳар кас чунин подшоҳро эҳтиром кунад, Худоро эҳтиром намудааст.(Ривояти Табаронӣ, Байҳақӣ ва Суютӣ).

Ҳар гоҳ корномаи Эмомалӣ Раҳмонро варақ занем, бешак саргузашти набераи Паёмбар (С) Ҳасан ибни Алӣ ба хотир меояд, ки паёмбар (с) дар шаънашон гуфта буданд: Ин писари ман соҳибмартаба аст, чунки байни ду гурӯҳи бузурги бо ҳам ҷанганда сулҳу созиш мекунад. Ва шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба мисли корнамоии Имом Ҳасан дар саҳифаи таърих сабт гардид. Вақте мардуми тоҷик паси сангарҳо қарор гирифта, муқобили ҳамдигар қиём намуданд , касе роҳбарии кишварро ба ӯҳда нагирифт, зеро медонистанд, ки дар шароити ҷанги бародаркӯш роҳбари давлат будан бори сангин ва хатарзост. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои барои миллат мушкил ва тақдирсоз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бе ягон тарсу ҳарос, балки бо шуҷоати том ва иродаи қавӣ ин бори сангинро ба дӯш гирифта, дар баромади аввалини худ, дар Қасри Арбоб аҳд карданд, ки ба халқи тоҷик сулҳ меоваранд ва Худову мардум шоҳиданд, ки Ҷаноби Олӣ ба савганди худ вафо карданд.

   Фаромӯш нашудаанд он рӯзҳое, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои гуфтушунид аввалин бор ба Афғонистон сафар карданд. Ин сафари пурхатар буд. Бо ҷоннисорӣ, далериву шуҷоат, ақлу тадбир ва хиради худодод Ҷаноби Олӣ тоҷиконро сари мизи мудаввар-мизи сулҳ шинонида, ба ҳамаи талаботи мухолифон розӣ шуданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон то ҳадде нодир буд, ки тамоми давлатҳои дунё онро мавриди омӯзиш ва корбарӣ қарор доданд, зеро дар таърих кам ҳолате аст, ки миллатеибо ҳам ба низоъ омада, дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳам сулҳ бандад. Таърих гувоҳ аст, дар чунин ҳолат ҷанги бародаркӯш солиёни дароз идома ёфта, мардуми зиёд кушта ва давлатҳо хароб гаштаанд. Бешубҳа сулҳи тоҷикон дастоварди бузургтарини Президенти кишвар мебошад, ки ӯро дар назди Худову дар дидаи мардум маҳбуб сохт. Сарвари давлат бо зиракии хеш дар як муддати кӯтоҳ Тоҷикистонро аз қумандонсолориву ҷангсолорӣ берун каши,ваҳдату якпорчагии онро таъмин намуд. Оре, маҳз Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 1200 соли давлатдории мардуми тоҷикиро бори дигар эҳё намуда, ин миллат соҳибистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун миллати сулҳпарвар мутараққӣ муаррифӣ намуд.

   Ташаббусҳое, ки Сарвари давлати тоҷикон дар ҳалли мушкилот ҷаҳони муосир пешниҳод менамоянд, баёнгари он аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар фикри некӯаҳволии мардум аст Чунон ки дар ҳадис омадааст, Паёмбар (с) фармудаанд; «Касе дар фикри дастгирии бародари муъминаш бошад, Худованд дар фикри дастгирии ӯст».

Яке аз чунин иқдомоти Сарвари давлати тоҷикистон ин ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими дунё-Оби тоза нигаронида шуда, инак беш аз 15 сол инҷониб дар саросари ҷаҳон дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода мешаванд, ки ба ин васила миллионҳо мардум аз норасоии об эмин гаштаанд.

Солҳои охир душманони дини мубини Ислом аз номи ин дини таҳаммулпазир ва сулҳҷӯ як қатор амалҳои террористӣ анҷом дода, ба ин васила шаъни дини исломро паст ва мусулмононро бадном сохтанд. Дар робита ба ин Президенти кишвар аз минбари Созмони милали муттаҳид ба тамоми ҷаҳониён арза доштанд, ки террорист Ватан, миллат ва дин надорад. Роҳбари давлати тоҷикон шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи исломро аз тамғаи «террор» беолоиш намуданд. Ин амалест, ки дар пешгоҳи Парвардигор дорои савоби бениҳоят буда,беҳтарин хизмат барои дини Ислом мебошад. Дар ин маврид паёмбари акрам (с) фармудаанд; «Ҳар кас равишеро аз суннати ман эҳё кунад, чунон аст, ки тамоми оламро эҳё сохта бошад».

   Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум бо супориши Роҳбари давлат нахустин маротиба китоби Куръони карим бо забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди умумии беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда шуда, ройгон ба мардум тақсим гардид.

Ҷиҳати таъмин намудани эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлат ва Фонди эҳтиётии Президент даҳҳо миллион сомонӣ ба чопи китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ ҷудо гардида, садҳо асарҳои гаронбаҳои таърихӣ, ки асрҳои дароз дар гӯшаи фаромӯшӣ монда буданд, аз ҷумла, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Эҳёи улуми дин», «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар осори пурқимат чоп ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонида шуданд.

Агар мо дар васфи Роҳбари давлат соатҳо сухан гӯем, гӯё чизе нагуфтаем. Маҳз чунин пешвоён шоистаи аҳодиси набавианд, ки дар ҳаққи онҳо Паёмбари гиромӣ фармудаанд: «Ҳоким сояи Худованд дар рӯи замин аст. Ҳар кас ҳокимро икром кунад, Парвардигор ӯро икром менамояд ва ҳар кас ҳокимро иҳонат (таҳқир) кунад, Худованд ӯро иҳонат мекунад».

Аз Абӯҳувайра (р) ривоят шуда, ки Паёмбар (с) фармудаанд: Ҳафт кас аст, ки Худованд ононро дар сояи Аршаш, дар рӯзе, ки сояе ҷуз сояи Арши ӯ вуҷуд надорад, ҷой медиҳад, ки яке аз онҳо роҳбари додгустар аст.

Имоми Аъзам мефармоянд;Ба подшоҳ ва ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияти ӯро бузург дор ва дар ҳузури вай дурӯғ нагӯ! «Ҳокими вақтро ком ва ночиз нашумор ва касеро таҳқир накун, дар мурувват ва ҷавонмардӣ кӯтоҳӣ накун.   (Пандномаи Имоми Аъзам),

Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки Парвардигор ба миллати тоҷик марҳамат намуда, барояш чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт.

Чунон ки шумо огаҳӣ доред, аз ҷониби Парлумони кишвар Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» ба тасвиб расид. Мо мардумони кишвар бо тамоми масъулият ва бо ифтихор аз чунин роҳбар қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, иброз менамоем, ки мо ба Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арҷ мегузорем.

Эмомалӣ Раҳмон ба ситоиш ниёз надорад. Борҳо собит шудааст, ки ӯ ҳимоятгари манфиатҳои миллии кишвар ва мардуми он аст ва Худованд ба ӯ малакаи пешво ва роҳбар буданро додааст, зеро Президенти мо чандин маротиба дар амал нишон дод, ки барои Тоҷикистон, мардуми он, баҳри ҳифзи сулҳу субот дар кишвар омода аст ,ҳаёташро бубахшад.

Барои мо сокинони кишвар Президенти ҷумҳурӣ-Пешвои миллат мебошанд, зеро Пешвои миллат фаротар аз марзу ҳудуд ва давру замон буда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикон пешво, роҳбар ва мояи   ифтихори миллат мебошанд. Мо ифтихор дорем, ки бо Пешвои миллатамон дар як давру замон зиндагӣ намуда, аз баракати Ҷанобашон баҳравар мегардем.

                                                                               Майрамбӣ Қодирова-ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин