Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сафари таърихсози миллат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои аврупоӣ идома дорад.

 

     Алорағми ҳама бадгӯии бадхоҳони миллат сафари тақдирсози Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ дар сатҳи лозимӣ идома дорад. Новобаста аз он ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои ифротии ҳангомаҷӯёна аз паша фил сохта сафарҳои кории Роҳбарияти олии мамлакатро дар кишварҳои аврупоӣ камранг нишон додан мехоҳад, хушбахтона ҳақиқати ҳол ба таъби дили мухолифони давлат набуду нест. Ҳар ҷо ки Пешвои миллат қадам мегузорад, бешак истиқболи гарму самимӣ ва суҳбатороии сарони давлатҳои аврупоӣ дар сатҳи олӣ ҷараён дорад. Ин ҳама ҳолати воқеии вохӯриҳоро метавон тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва иҷтимоӣ пайгирӣ намуд.

   Матбуоти даврӣ озод аст ва ҳар як рӯзноманигор раванди таҳаввулоти ҷамъиятиро ба таври худ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои даврӣ мунташир месозад, вале ин ба он маъно нест, ки ақидаи сиёсии як фард, дар маҷмуъ як рӯзноманигор ақидаи сиёсии кулли мардуми як давлат бошад. Ва, воқеан ҳама ҳангомасозию бадгӯӣ ба хотири манфиат аст на чизи дигар! Борҳо гуфтем ва бори дигар иброз медорем, ки фарҳангу арзишҳои миллии мардуми мо аз дигар қавму миллатҳо, бахусус мардуми Амрикою Аврупо билкул фарқ мекунад ва мо ҳеҷ гоҳ ҳавасманди қабули фарҳанги ба миллат бегонаро қабул надорему дар зеҳни мо чун Муҳаммадиқболи Садриддин ва якчанд нафар дар нохунак аврупогарои худфаромӯшсохта, ҳаваси дар Тоҷикистон сохтани Аврупои нав мавуд нест. Имрӯз аз демократия гуфтану арзишҳои фарҳангу ҳуввияти миллиро як тараф гузоштан ин хиёнат ба миллат хоҳад буд.

 Аммо ба хилофи ин ҳама миллатсозию давлатсозӣ «шореҳи» сиёсӣ- Муҳаммадиқболи Садриддин, ки аслан сиёсат барои ӯву ҳамтоёнаш маркази тиҷорати хонаводагӣ гардидааст, дар фикри тарғиби демократияи ғарбӣ дар Тоҷикистон ва бузакбозии навбатӣ барои амалисозии ғаразҳои ғосибонаашон дар мамлакат гардидаанд. Ҳамин аст, ки аз чеҳраи манҳуси худ фаромӯш сохта, режими имрӯзаи давлатдории моро, ки кулли мардум дар сояи он зиндагӣ ва сулҳу оромиши комилро ёфтаанд, «худкомаю тоталитарӣ ва нақзкунандаи муддавоми меъёрҳои демократӣ» унвон мекунанд.

   Баръакс, Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ барои мутобиқ намудани давлатдории навин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бо қабули қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ раванди демократикунонии ҷомеаро дар сатҳи лозимӣ роҳандозӣ ва амалӣ намуд ва ин раванд дар оянда низ идома хоҳад ёфт. Фаъолияти озоди ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ, ки пояи таъсиси онҳо ба рушду пешрафти кишвар дар ҳама самтҳо нигаронида шудааст, бозгӯи он аст, ки дар ин масир Тоҷикистон гомҳои устувор мегузорад. Аммо шикасти ҳизби наҳзат, ки Муҳаммадиқболи Садриддин аъзои фаъоли он аст, ба фаъолияти аз нуқтаи назари қонунгузорӣ мамнуъ иртибот дошт, ки ахиран мавқеи он дар фазои сиёсии кишвар тангу аъзои сарсахту асолатбохтаи он чун рӯбоҳи маккор ба ҳар гӯшаю канори ҷаҳон паҳн шуданд. Имрӯз бошад ин нухбагони асолатбохтаю ватанфурӯш бо каме ишкамашон сер шудан давои ватансозию ватандорӣ менамоянд, ки ҳақиқат зери чашми бинои миллат бармало маълум аст.

   Дарвоқеъ, нуқтаи назари созмонҳои ҷаҳонӣ дар қиболи сиёсати имрӯзаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти тавсиявӣ дорад ва ҳамагон медонанд, ки иҷрои онҳо дар пояи урф, фарҳанг ва ҳуввияти миллии давлатҳо роҳандозӣ мегардад. Ҳангома сохтан аз афкори ба ҷомеаи имрӯзи мо носозгор, ки пушти он Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар назарфурӯшони наҳзатӣ нишаставу ба хотири ранҷши сиёсӣ онро обу ранг медиҳанд, аз тиннати баду мағзшӯии онҳо аз ҷониби нухбагони хориҷиашон дарак медиҳад. Ба ақидаи дигар, Муҳаммадиқболи Садриддин бо якчанд тирмизаки наҳзатӣ куҷову роҳбари як давлати мустақиле, мардуми он дар садади эъмори давлатдории навину мутамаддин аст, куҷо!

   Ба ҳар сурат, баъди интишори матолиби сар то по ғаразноки аҳли дар нохунак паймони миллию наҳзатӣ ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин ҳеҷ шаҳрванде, ки худро зодаи ин диёри биҳиштосо меҳисобад, бетараф буда наметавонад. Ва, дар раванди сафари давлатии Пешвои миллат ба давлатҳои аврупоӣ садо баланд кардану роҳандозии «пикетҳои осоишта»-и ин гурӯҳи худкома моро водор месозад, ки дар муқобили афроди аҳримантабор ҳамеша омодаи муқовимат бошем. Зеро, ин тоифа мардум ҳеҷ гоҳ хостгори субботу амният набуданду нестанд ва чун дар роҳандозии сиёсат аз дин манфиат ба даст наоварданд ба бозиҳои сиёсии худ ибораи арзишманди миллатро кашидан мехоҳанд.

    

 

 

Т.Назарзода, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин