Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

КИТОБ САРЧАШМАИ КАМОЛИ ИНСОНӢ

 

Таърих гувоҳ аст, ки аз замонҳои қадим китоб ягона чизест, ки ба мо донишу маънавиёт бахшида, роҳи зиндагии моро равшан ва ояндаи моро дурахшон месозад. Садҳо абармардони миллати тоҷик чун Рӯдакию Саъдӣ, Чомӣ, Хайём, Айнию Турсунзода ва дигар суханпардозону ахтарони роҳи дониш аз хондани китоб то ба ин мартабаҳои бузург расидаанд. Китоб фаҳмиш, дарк ва ҷаҳонибинии инсонро васеъ намуда, аз ҷаҳолату торикӣ ба равшанӣ ва баландтарин қуллаи фаҳм бурда мерасонад. Аз ин лиҳоз зиёд мутолиа намудани китоб бар нафъи ҳар шахс мебошад. Мо тоҷикон, насли қадимаи ориёӣ аз азал китобхону китобдӯст будем ва имрӯз низ насли замони навин, яъне замони истиқлолият бо раҳнамоиҳои Сарвари давлат ба китобу китобхонӣ рӯ оварда истодаанд. Барои ҷалби бештари ҷавонон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани савияи донишу фаҳмиши мардум аз тарафи роҳбарияти мамлакат пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Яке аз онҳо озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» мебошад, ки на танҳо насли ҷавон, балки мардуми солдидаро низ ба китобхонӣ ҷалб намуд.

   Инсон китобро ҳамчун сарчашмаи дониш медонаду баҳри аз ин чашмаи гуворо нӯш намудан пайваста дар такопуст ва мекушад, ки то охирин қуллаи он бирасад. Аммо инро на ҳама дарк мекунанд. Шахсоне ҳам ҳастанд, ки тамоман аз китобу китобхонӣ дур буда, таваҷҷуҳе ҳам ба он надоранд. Нахондани китоб моро дар як чаҳорчубаи маҳдуд нигоҳ медорад ва намегузорад, ки аз ин ҳудуди муайян ба пеш равем. Аз ин рӯ баҳри ба даст овардани донишу хирад мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошем, ашъори бузургони классики тоҷику ҷаҳонӣ ва донишҳои наву замонавӣро аз худ намоем. Китоб сарчашмаи пайдоиши илму донишҳост ва ҳар шахсе, ки китобҳои зиёд мутолиа мекунад, ҳамчун шахси бофазлу камол нашъунамо меёбад. Китоб равшангари роҳи ҳаёт буда, беҳтарин дӯст ва раҳнамову маслиҳатгари зиндагии мост. Китоб имклон медиҳад, ки мо асрори оламу зиндагиро кушоем ва дари пирӯзиҳоро ба рӯи худ кушода гардонем. Чуноне, ки бузургони илму ирфон гуфтаанд:

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан,

Ба диниш тавон риштану бофтан.

   Инсон баҳри он ба дунё меояд, ки зиндагӣ кунад ва ин зиндагиро бидуни илму дониш сарф кардан хатоест маҳз. Чунки бе дониш зиндагии хуб сохтан ғаириимкон аст, ки ин донишро мо албатта, ки аз китоб мегирем. Пас китоб, ки ин қадар зиндагии мо аз он вобаста аст, чаро бояд пайи омӯзиши он нашавем? Бузургони мо китобро муқаддас мешумориданд ва онро омӯзгори машҳур ва дӯсти беминнати худ медонистанд. Фасфи китобу китобхонӣ дар асарҳои шоирону нависандагони мо зиёд ба назар мерасад, ки онҳо китобро нури хирад, асоси пайдоиши дониш ва аниси кунҷи танҳоию фуруғи субҳи доноӣ номидаанд:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст.

Барҳақ китоб аст, ки мо тавассути он донишҳои гуногунро доир ба ин ё он намуди илмҳо мегирем ва дар амал, дар зиндагӣ истифода мекунем.

Чои дигар бузурге гуфта, ки «китоб дору ва китобхона дорухонааст» ва танҳо шахси ниёзманд аз он истифода мекунад. Бале мо инсонҳо ҳамеша ба илму дониш ниёд доштему дорем. Ва асоси фарқи инсон аз дигар махлуқот ҳам дар ҳамин аст, ки ақлу шуур дорад ва ба воситаи он аз китоб, ва илму дониш истифода намуда. зиндагии худро рангину гуворо мегардонад.

Ҳусайнова Маъмура ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин