Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТОҶИКИСТОНРО БА ҶОН МЕПАРВАРЕМ!

 

Имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи кишвари азизамон Тоҷикистон бо дасту дили гарм ба зиндагӣ, баҳри истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу ғайрат намуда, баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон бо маром заҳмат кашида истодаанд.

         Инчунин сокинони сарбаланди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар низ аз ин маъракаҳои созандагиву бунёдкорӣ қафо намонда, пайваста баҳри зебову шукуҳфон гардонидани як гӯшаи диёр бо як рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ саҳми босазои худро гузошта истодаанд, ки ин аз соҳибтамаддуниву соҳибмаърифатии миллатамон дар ростои иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Азбаски ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (собиқ Шӯрообод) дар давраи ҷӯшу хӯруши ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун ноҳия дар заминаи якчанд деҳа таъсис ёфт, дар даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз мушкилӣ ва душвориҳои бузургеро паси сар намудааст.

       Барои рафъи ин мушкилоти ҷузъӣ ва ноил гаштан ба муваффақияту пешрафт мо сокинони ноҳияро зарурат пеш омад, ки аз нерӯи созандаи шахсиятҳои бо нангу номус ва ҷавонмардони шуҷоаш оқилона истифода намуда, то андозае ба қадри зарурӣ симои зоҳирии маркази ноҳияро дигаргун созанд. …

     Мавриди зикр ва хушҳолист, ки рӯз то рӯз симои ноҳия тағйир ёфта, ба ҷойи хонаву иморатҳои кӯҳнаи замони Шӯравӣ, иморатҳои бо тарҳи замонавӣ қомат афрохта истодааст, ки ҳар як бинандаро мутаассир месозад.

Хушбахтона, солгарди таъсисбии ноҳия ба чашни 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам уфтода. Яъне, агар соли 2021 30-солагии Истиқлолияти Давлатии ҶТ ҷашн гирифта шавад, дар навбати дигар 30-солагии таъсисёбии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҷлил хоҳад шуд.

Бинобар ин, таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дубора эҳё шудани ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар заминаи солҳои соҳибистиқлолӣ моро ба ояндаи рушану пешрафти давлату миллатамон хушбин месозад ва дар навбати худ ҳар як сокини сарбаланди ноҳия барои ҳифозати сулҳу амният ва пешрафту шукуҳфоии меҳани азизамон бояд масъулияти бештар дошта бошад.

 

 

 

Фаридун Раҳмониён- ноҳияи Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин