Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ТАЛХ ТО ШИРИН ШАВАД, Ӯ НЕШҲОРО НӮШ КАРД.

 

Мусоҳиба бо Муҳаммад Ғоиб

Дар саҳифаи таърихи Тоҷикистон исми шарифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин то абад сабт хоҳад гашт. Зеро маҳз ҷасорат, матонат ва далерию иродаи қавии ӯ буд, ки кишвари оғӯштаи бесарусомониҳои таҳмилӣ ба давлати ободу дорои ваҳдати комил табдил ёфт ва имрӯз Тоҷикистон маҳбуби қалбҳои ҷаҳониён аст. Дар зимн бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон оид ба нашқи мондагори Пешвои миллат дар рушду нумуи кишвар ва муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ суҳбат намудем, ки фишурдааш пешкаш мегардад.

- Дар ибтидо назари хешро вобаста ба шахсияти беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми эшон дар барқарор намудани сулҳу оромӣ баён менамудед?

- Баҳо додан ба фаъолияту кор ва зиндагиномаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр душвор аст. Дар доираи тасаввурам намеғунҷад. Агар дар ин замон чандин сиёсатномаҳо дар бораи кору нашқҳои гузоштаи Президенти кишвар навишта шавад, он ба охир намерасад. Ҷон барои ҳама ширин аст. Дар даврае, ки бисёриҳо рӯ аз мансаб метофтанд, дар ҳамин давраи душвор Пешвои миллат зимоми давлатдориро ба даст гирифта, фикри ҷони худро накарда, андешаи ояндаи миллатро намуд. Ҳатто баъзеҳо таъна мекарданд, ки умри давлати ӯ чандрӯза аст. Лекин чун ин қадар шукӯҳу шаҳомати давлатдориаш ва муаррифии мамлакатро дар тамоми ҷаҳон диданд, баъд фаҳмиданд, ки чӣ иқтидор дорад.

Аслан Эмомалӣ Раҳмонро ҷуръат ба сари минбари қудрат баровардааст. Аз ҳамон давраҳое, ки вакили мардумӣ буданд, маълум буд, ки шахси тасодуфӣ нест. Ҳар як суханаш бар диле кора мекард ва зеҳнҳои хуфтаро бедор месохт. Баъдан ки бори қисмати ватандориву давлатдорӣ ба дӯшаш афтод, тасаввур кунед, ки чи гуна мешавад. Дар ҳамон давроне, ки хазинаи давлат холӣ буд, бисёриҳо рӯ ба гурез оварда буданд ва мардуми қобили кор набуд, дар ҳамон вақт бо ҳамон як нанги пур аз умед ба сари минбар баромада, мардумро даъват кард барои ба ватан баргаштан, муҳофизати ватан, мулки аҷдодиро аз даст надодан ва ояндаи дурахшони худро таъмин кардан.

Ба андешаи ман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи аввал Пешво буд, аз рӯзи нахустини суханрониаш Пешво буд. Ҳарчанд ки баъдтар тасдиқоти мардумӣ шуд, аммо ӯ аз аввал Пешво, роҳнамо ва ғамхору дилсӯз буд. Ӯ аз аввал сиёсати махсуси худро дошт. Дар байни ин қадар гурӯҳҳо, ин қадар носозиҳо, раҳидан ва ба пеши қотилон рафтан, ин кори шӯхӣ нест. Лекин ин марди бузург рафт. Вақте ки ӯ ба суроғи ҳамватанон ба хоки Афғонистон рафт, дар ҳамон ҷо ҳар як сангу ҳар як дарахт сурати як қасдгире метофт. Дар он ҷое, ки хун ба хун аст, рафтан осон нест. Лекин меҳри бузурги ватандорӣ ва инсондӯстӣ ӯро ба суроғи ҳамватанон бурд. Ва ман гумон мекунам, ки аввалин ғолибияти Президент аз ҳамон ҷо оғоз гардид. Мардум фаҳмид, ки кӣ роҳбарашон аст. Одами сӯхтагӣ дуғро пуф карда менӯшад. Мардум бовар кард, ки ӯ дигар хел инсон аст. Воқеан, аз миёни ин қадар гурӯҳҳо ва силоҳдорон гузаштан осон набуд. Лекин ин марди бузург, ки аз фарҳангу таърихи қадима, аз тохту тозҳову забткунандаҳо, аз маърифати тамаддунсоз, ки бархӯрдор буд, чи гуна партофтани лангари сиёсати худро медонист. Ҷояш омад, ки бегонаро хеш гуфт, ба хотири миллат. Мақсади ниҳоии Президент осуда намудани мамлакат, сулҳ овардан, ваҳдати комил, таъмини осудагӣ ва ободии минбаъдаи кишвар буд, оҳиста-оҳиста бо ҳамин лангари партофтаи сиёсаташ ба қуллаи мақсад расид. Офтобе, ки имрӯз дар кишвари мо ханда мекунад, хандаҳое, ки дар лаби ҳар кас мавҷ мезанад, ин боз як нури офтоби рӯи дигаре аст, ки бадхоҳони мо онро дида наметавонанд. Медонанд, ки офтоби мазкур офтоби ватандорӣ аст, нангу номус аст, нури меҳру муҳаббати худшиносӣ аст, ки ба ин ғолиб шудан, осон нест.

Магар осон буд, ҷангро ба сулҳ табдил додан? Магар осон буд, ки кинадорро оғӯш кунед? Чи азобу ранҷе, ки Сарвари кишвар кашидааст, худаш медонад. Садои як бозича ба гӯш мерасад, одамон хавотир мешаванд. Аммо ӯ дар миёни тиру тӯп пеши гаравгирон барои озод кардани фарзанди ватан рафта буд.

Талх то ширин шавад, ӯ нешҳоро нӯш кард,

Бори вазнини замони нангро бар дӯш кард.

Бо муҳаббат кинадори хешро оғӯш кард,

Оташи ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард.

- Шумо дар шеърҳои хеш садоқату матонати Роҳбари давлатро хеле хуб тасвир месозед. Ва ҷое ҳам хеле зебо гуфтаед:

“Як сари мӯ нестӣ аз мо ҷудо,

Баҳри моӣ беҳтарин доди Худо”.

Лутфан мегуфтед, ки манбаи илҳоми шумо дар иншои чунин шеърҳои мондагор кадом хислатҳои наҷиби Пешвои миллат мебошанд?

- Хислатҳои Ҷаноби Олиро мо танҳо мушоҳида мекунему дар ҳар қадам мебинем. Агар аз пайи роҳи баъзеҳо гард хезад, аз пайи Сарвари мамлакати мо сабза мерӯяд. Вақте ки Сарвари кишвар ба минтақае мераванд, дар ҳар вохӯрӣ сари ятимонро сила ва навозиш мекунанд ва кӯдаки хоколуди сари роҳро мегиранду оғӯш мекунанд. Дили одам дар амал, дар нигоҳ, дар ҳар қадам, дар ҳар муомила ба даст оварда мешавад. Ҳамаи ин хислатҳоро Пешвои миллат доранд. Тасаввур кунед, Роҳбари кишвар ҳамроҳи касе кор кардааст ва ҳамроҳи касе нишастааст, дар куҷое бошад, ному насаби як нафари онҳоро фаромӯш намекунад. Ин дар ҳама ҳолат поси хотир доштану бо намак будани одам аст. Хислатҳое, ки дар ҳама андарзу пандҳо ҳаст, маҷмӯи ҳамин хислатҳои некро дар Президенти кишвар дидан мумкин аст.

Шеъри ахири дар бораи Президенти кишвар навиштаам, бо номи “Сипоснома ба Президент” мебошад, ки чанд мисрааш чунин аст:

Обрӯят обро аз дидаи мо дур кард,

Қудратат мотамсароро ҷои базму сур кард.

Мерасид оҳанги ҳастӣ дилхарошу синакӯб,

Дасти фаҳмат сози ноҷӯри замонро ҷӯр кард.

Бадтар аст аз сад шаби торик як рӯзи сиёҳ,

Саъйи ту аз рӯз равшантар шаби дайҷур кард.

Хона холӣ, кӯча холӣ, мулк вайрон гашта буд,

Даъвати ту хонаи вайронаро маъмур кард.

- Саҳми Пешвои миллатро дар дирӯзу имрӯз ва ояндаи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Пешвои миллат ҳар масъалаеро, ки ҳалашро пеш мегузорад, ҳар роҳеро, ки тай кардан мехоҳад ва ҳар дурнамое, ки пешниҳод мекунанд, дар ҳамаи ҳамин зиндагии осоишта, ояндаи дурахшони фарзандони миллат, ободии кишвар ва ҳамон мулки меросие, ки аз аҷдодон гирифтем ва ба ояндагон супорем, дида мешавад. Сарвари кишвар гуфтанд доғ барҳам дода шавад, доғ барҳам дода шуд. Боғ гуфтанд, боғ бунёд карда шуд. Барқ гуфтанд, барқ шуд ва нақб гуфтанд, нақб бунёд шуд. Имрӯз барои сайқали дониш кулли шароитҳо муҳайёст. Ҳамин имкониятҳои фароҳамовардаи Роҳбари давлат аст, ки ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ иштирок менамоянду ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Кӣ мегуфт, ки дастаи футболи мо дар кишвари Бразилия бозӣ мекунад. Имрӯз ҳамаи ин натиҷаи будани шароитҳост. Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз дар ҳама ҷабҳаҳо, дар ҳама бахшҳо ҷавонони лаёқатманду донишмандони бузург дорем, ки онҳо кишвари моро муаррифӣ мекунанд.

- Дар баробари дигар соҳаҳо соҳаи фарҳанг низ муаррифгари давлату миллат дар арсаи ҷаҳонист. Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат ҳамеша баҳри рушду таҳкими он тадбирҳои зиёд меандешанду ҷашнҳои зиёдеро дар ин росто аз нав эҳё намуданд ва аз бузургони илму адаб ёдовар шуданд. Шумо нақши Президенти кишварро дар рушди фарҳанги миллӣ чи гуна баҳо медиҳед?

- Хурд хурдро мешиносаду бузург бузургро. Аз ин ҷо бармеояд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худаш бузург аст. Агар дасти фаҳмаш ба домани бузургон нарасад, чи гуна дар бораи бузургон андеша мекунад. Дар даврони роҳбарии Пешвои миллат 680-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҷашн гирифта шуд. Баъдан ҷашни шоирон Рӯдакиву Камоли Хуҷандӣ, дигар шоирони даврони муосир ва омада то ба Имоми Аъзам расид. Инҳо ҳамаашон таъриханд, илманду панду ахлоқанд.

Вақте ки Роҳбари давлат ба бузургони миллат унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дод, ин фақат танҳо як фармон нест. Замоне ки бузургони миллат бо фармони Пешво номи расмии “Қаҳрамони Тоҷикистон”-ро гирифтанд, фарзандони замон ба андеша мерафтанд, ки ба кадом хотир инҳо қаҳрамон шуданд. Маҷбуранд, ки таърихро варақ зананду воқиф шаванд, ки дар кадом муҳит умр ба сар бурдаанд. Ҷаноби Олӣ онҳоро умри дубора бахшиду зинда кард. Вақте ки бузургро умри дубора мебахшиву зинда мекунӣ, худат бузургтарин одамӣ. Ҳамин гуна корҳои хайру ояндадорро Пешвои миллат бисёр кардааст, ки ҳисоб надоранд.

- Дар охир таманниёти Шумо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Таманниётам ҳамин аст, ки пеш аз ҳама Сарвари давлат дар болои сари мо бошанд, тоҷи миллат бошанд ва ҳамин гуна офтобе монанд, ки аз нури фаҳму хирад ва раҳму шафқаташ дигарон баҳра бубаранд.

Мусоҳиб Беҳрӯз ХОЛМУРОДОВ, “ҶТ”

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин