Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

МИЛЛАТИ ТОҶИК ҲАМДИГАРФАҲМ ВА МУТТАҲИД АСТ

 

МИЛЛАТИ ТОҶИК ҲАМДИГАРФАҲМ ВА МУТТАҲИД АСТ

(Ҷавоб: ба сомонаи иғвоангези «Паём.нет»!)

 

Мардум аллакай хуб медонанд, ки пойгоҳи хабарӣ ва ё сомонаю барномаҳои мансуб ба ташкилоти террористиву экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамеша ба дурӯғгуиву душмантарошӣ ва бофтани кинаву адоватро дар байни мардуми Тоҷикистон ба роҳ мондаанд. Чунин шеваи фаъолияти ноҷавонмардонагиро аъзоёни ТТЭ собиқ ҲНИ аз солҳои 90-уми асри гузашта дар байни мардум роҳандозӣ намуда буданд, ки оқибат ба хунрезиҳои калон оварда расонид. Бо ин роҳи амал карди худ наҳзатиёни террорист мехоҳан дар байни мардум шурӯ ғавғое биандозанд ва инҳо аз ваъзияти ба вуҷуд омада истифода намуда, ғасби ҳукуматро пешаи худ бикунанд.

Паҳн намудани ҳаргуна хабарҳои бардурӯғ ва бадномсозандаи шахсиятҳои аввали кишвар дар назди мардум ин гӯвоҳи он аст, ки ба ҷӯз кинаву андӯҳ ва ғаразҳое, ки наҳзатиён дар дили худ доранд бо ҳамингуна роҳу воситаҳо мехоҳан дар дили мардуми кишвар дароварда мардумро ба сӯи ҳукумат бишуронанд ва аз мардум истифода баранд.

Шумо наҳзатиёни касиф мехоҳед боз мардумро фиреб диҳед, дар байни мардум фитна эҷод кунед, хайф бар шумо бод, садқаи ин Ватан ва хоки ин сарзамин шавед, нону намаки ин сарзамин кӯратон кунад. Шумо иштибоҳ мекунед, мардуми шарифи Тоҷикистон хуб ҳақиқатро дарк намудаанд. Мардум аз сирату кофияи шумоён безор ҳастанд. Мардум аз суханони дурӯғу беақлонаи шумо наҳзатиёни ифротӣ безор шудаанд. Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои ахмақонаи шумо барин дасисабозон ҳаргиз нахоҳанд шуд.

Ҳамаи мо истиқоматкунандагони кишвар шоҳиди он ҳастем, ки Тоҷикистон соат ба соату рӯз ба рӯз тараққӣ карда истодааст, ҳатто давлатҳои хориҷа ҳавасманди бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро доранд. Ин ҳам бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки мо бояд қадрдонӣ кунем ва ба Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз софдилона хизмат кунем.

Мо аминем, ки халқи мо дигарбора фирефтаи суханҳои шумо барин дасисабозон ҳаргиз нахоҳанд шуд.

Миллати тоҷик ҳамдигарфаҳм ва муттаҳид аст. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ин муҳимтарин дастоварди миллати тоҷик дар тулли ҳазор соли охир аст, ки ҳифзу гиромидошти он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мову шумо ҳаст. Аз ин рӯ мо мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки баҳри ҳангомасозиҳои аъзоёни ТТЭ собиқ ҲНИ хусусан М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ дода нашуда аз ҳарвакта беш ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. То ин ки ин хоинони миллат ҳадафҳои нопоки худашонро дар Ватани азизи мо амали намоянд.

Рустами Суҳроб

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин